Иштироки раиси вилоят дар ифтитоҳи роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа - Бохтар”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 398
Дар арафаи таҷлили Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи 3-юми қитъаи роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа - Бохтар”-и роҳи автомобилгарди “Душанбе - Бохтар” дар масофаи 9 ҳазору 200 метр баъди пурра навсозӣ намудан мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) Акихико Танака ва сафири Япония дар Тоҷикистон Тошихиро Аики иштирок намуданд.
Ба раиси вилоят ва меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии лоиҳаи таҷдиди қитъаи “Қизилқалъа – Бохтар” дар роҳи автомобилгарди “Душанбе - Бохтар” моҳи июни соли 2021 оғоз ёфта, моҳи майи соли 2023 пурра ба анҷом расид. Марҳилаи 3-юми роҳ бо харҷи 31 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби кумаки Ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) таҷдиду навсозӣ шуда, дар ин масир 2 пул, 8 истгоҳ, 16 қубури обгузар, 9 ҳазору 500 метри мураббаъ роҳи пиёдагард сохта шуд. Дар баробари насби аломатҳо, ҳамзамон дар масофаи 4 километр шафати роҳ ба таври замонавӣ чароғон карда шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳа 30 мутахассиси хориҷӣ ва зиёда аз 200 нафар мутахассисони маҳаллӣ, инчунин техника ва механизмҳои пуриқтидори сохтмонии ҳозиразамон ҷалб гардида буданд ва корҳо бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шудааст.
Мавриди зикр аст, ки 24 апрели соли 2023 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонии лоиҳа шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва саҳми мутахассисони ҷопонӣ баҳои баланд доданд ва ба Ҳукумати Ҷопон барои кумакҳои пайваста дар самти дастгирии рушди Тоҷикистон, бахусус дар соҳаҳои инфрасохтор, кишоварзӣ ва тандурустӣ изҳори сипос намуданд.
Роҳи лоиҳавӣ дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардидааст ва ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди чунин роҳҳои хушсохту замонавӣ, беҳтар гардонидани хизматрасонии нақлиётӣ, интиқоли молу маҳсулоти гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти мамлакат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар давраи сохтмон, беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мешавад.
Гуфта шуд, ки роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар дар доираи ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун роҳи байналмилалӣ бунёд гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳуриҳои Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва бандарҳои баҳрӣ пайваст намуда, дар ҳамлу нақли молу маҳсулоти минтақа саҳми бузург меузорад.
«Хатлон»
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...