Давлаталӣ Саид: «САРҶАМЪУ МУТТАҲИД БОШЕМ, ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДИРО ҲИМОЯ КУНЕМ»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 264
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Дар ин лаҳзаҳои фараҳафзо тамоми сокинони шарафманди вилояти Хатлонро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон – Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона таҳнияту шодбош мегӯям.
Истиқлолият барои мардуми тоҷик арзиши муқаддас маҳсуб гардида, имрӯз хурду бузурги мамлакат барои ҳифз ва тақвияти пояҳои давлатдории навин бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Маҳз сиёсати оқилона, кӯшишу ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравию азму талоши мардуми сарбаланди кишвар аст, ки дар зарфи сию ду соли истиқлолият дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаем. Ин ҳадафҳои рисолатпеша заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи Тоҷикистони маҳбуб ва шарти муҳимтарини беҳгардии сатҳи некуаҳволии сокинон ба шумор мераванд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлол аз имтиҳони сахти ҳаётӣ, ки пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд, сарбаландона гузашта, бо шукргузорӣ аз соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва бо ҳидояту роҳнамоии Пешвои муаззами миллат онро ободу пешрафта ва соҳибмақом гардониданд.
Боиси ёдоварист, ки дар ибтидои истиқлоли давлатӣ хоинони миллат ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ кишвари моро ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Даҳшати ин ҷанги таҳмилӣ, ки панҷ сол идома кард, ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад.
Дар сархати ин муноқишаҳои фалокатбор ҳизби ба ном наҳзати ислом, ки имрӯз аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳизби эктремистӣ-террористӣ эъътироф шуда, фаъолияташ дар ҷумҳурӣ манъ гардидааст, меистод.
Дар чунин вазъи фоҷиабор барои ҳарчи зудтар хомӯш кардани алангаи ҷанг, қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун фарзандони огоҳи миллат Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ – ягона мақоми дар он рӯзҳо салоҳиятдоштаи давлатиро даъват намуданд.
Дар ин иҷлосияи тақдирсоз вакилони мардумӣ фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб намуданд. Суханони ҳикматбори Роҳбари нави давлат: «Кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард…» ва «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳастам» мардумро ба ояндаи нек дилгарм ва барои бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ҳидоят намуд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки мардуми шарифи тоҷик аз оғози истиқлол то имрӯз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлати худро самимона пуштибонӣ карда, дар рушду нумуи кишвар саҳмгузорӣ менамояд. Дар партави сиёсати сулҳофарона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат имрӯз сокинони вилояти Хатлон бо шукргузорӣ аз давлати ободу рушдёбанда, шаҳру деҳи обод ва истиқлолияти комили давлати худ ифтихор доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба азму иродаи ватандӯстона ва қудрати созандаи мардуми шарифи кишвар ва сокинони соҳибмаърифату сарбаланди вилояти Хатлон эътимоди комил доранд, чунончи иброз менамоянд: “Хуб медонам, ки онҳо ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ минбаъд низ сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд”.
Бо дарназардошти ин, мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, суботи сиёсии ҷомеа ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, амнияти давлат, волоияти қонун ва зиндагии осоиштаи халқамонро бо ҳушёриву зиракӣ ва заҳмати содиқона боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.
Мутмаинам, ки тамоми сокинони Хатлонзамин ба истиқболи ҷашни бузург – Истиқлоли давлатӣ раванди корҳои ободониву созандагиро беш аз пеш вусъат бахшида, дар иҷрои нақшаву барномаҳои қабулкардаи давлату Ҳукумат доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд месозанд, саҳми шоиста мегузоранд.
Бори дигар, ҳамаи сокинони вилояти Хатлонро ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон хушбахтиву иқболи нек, оромиву осоиш ва муваффақияту комёбиҳо таманно дорам.
Ҷашни фархундаи Истиқлол хуҷаста бод, ҳамдиёрони азиз!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...