Дар Восеъ биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 324
Ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Кафтархонаи Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ бинои иловагии муассисаи таълимии №16 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 Зиёвуддин Шукуров иттилоъ дод.
Бинои иловагӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвар Камолзода сохта шуда, аз 6 синфхонаи таълимӣ иборат аст ва дар як баст 150 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 аз соли 1965 то инҷониб фаъолият менамояд. Норасоии ҷойи нишаст ва набудани мизу курсиҳои замонавӣ яке аз мушкилоти асосии хонандагони ин даргоҳи таълимӣ буд. Хушбахтона, бо сохтани бинои иловагӣ иборат аз 6 синфхона барои 300 нафар дар ду баст мушкили асосии муассиса бартараф гардид.
Соҳибкори маҳаллӣ Анвар Камолзода ҳамчунин мақсад гузоштааст, ки солҳои оянда дар назди муассиса майдончаи варзишӣ бо тамоми шароити замонавӣ бунёд намояд. Алҳол дар муассисаи таълимӣ 600 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 47 нафар омӯзгорони соҳибтахассус таълим медиҳанд.
Дар ифтитоҳи МТМУ №16 роҳбарияти вилояти Хатлон, ноҳияи Восеъ, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ ва дигарон иштирок намуданд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Рустам Солеҳзода иттилоъ дод, ки дар баробари ин дар деҳаи Каримбердии Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов мактаби таълимии №32 бо 240 ҷойи нишаст аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қурбонов, муассисаи таълимии №23 дар деҳаи Осмонбикаи Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабов барои 240 ҷойи нишаст дар як баст аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аъзам Қодирзода, МТМУ №70 бо 320 ҷойи нишаст дар Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қурбон Мирзоалиев ва 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №24-и деҳаи Қаратоғи Ҷамоати деҳоти «Тугарак» мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар айни замон дар ноҳияи Восеъ 73 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 55 ҳазору 158 нафар хонанда фаъолият менамоянд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...