Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИҚДОМИ ИБРАТОМӮЗИ НАФАҚАГИРЕ АЗ ТЕМУРМАЛИК


ИҚДОМИ ИБРАТОМӮЗИ НАФАҚАГИРЕ АЗ ТЕМУРМАЛИК



Сокини деҳаи Булакдашти ноҳияи Темурмалик Тухтош Хушвахтов пас аз нафақа баромаданаш тасмим гирифт, ки бо фарзандаш Дилшод Хушвахтов дар деҳаашон корхонаи ҶДММ "Шукронаи Дилшод"-ро бунёд кунанд.

Тавре ки аз дафтари матбуотии МИҲД-и ноҳияи Темурмалик хабар доданд, роҳбарии ин корхонаро Дилшод Хушвахтов ба уҳда дорад. Ин корхона зиёда аз 6 моҳ мешавад, ки фаъолият намуда истодааст.

Дар он 15 нафар аз ҷавонони деҳаи Булакдашти Ҷамоати деҳоти Саидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик ба ҷойи кор таъмин, ҳамзамон ба касбомӯзӣ машғуланд.

Ин ҷо 7 намуди маҳсулот бо дархости муштариён омода мешавад. Дар ин деҳа қуваи барқ ҳамавақт буда наметавонад ва барои ҳамин роҳбари корхона аз панели офтобӣ истифода мебарад, ки ба онҳо то 5 киловатт қувваи барқро доимӣ таъмин мекунад.

Бунёди ин корхона ба фаъолият ва зеҳни ҷавонон таъсири ҷиддӣ расонида, онҳоро ба касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ равона месозад. Онҳо дар оянда ният доранд, ки истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти корхонаро зиёд карда, бо ин васила шароити худ ва кормандонро хуб намоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода