ДИДАН НАМУДАНИ ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ВАЗЪИ ҚИСМИ НИЗОМӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 443
Дирӯз, 9 август, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз шароити хизматии афсарону сарбозони қисми ҳарбии 07/017-и қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, ба сарбозони қисми низомии мазкур зиёда аз 8 тонна маҳсулоти хурокворӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, каду, инчунин 1 тонна себ ва 500 кг олуи сиёҳ ҳамчун кӯмаки яквақтаина дастрас гардонид.
Раиси вилоят бо сарбозон ҳамсӯҳбат шуда, аз шароити имрӯзаи хизматашон пурсон шуд. Зимни пурсиш маълум гардид, ки шароити қисми низомӣ барои сарбозон хуб буда, ҳамасола садҳо ҷавонон дар ин ҷо сарбаландона адои хизмати Ватан-Модар мекунанд ва ба назди оилаи хеш бармегарданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамзамон зимни вохурӣ бо сарбозони қаторӣ ва афсарони баландрутба таъкид намуд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро баҳри ҳимояи дастовардҳои замони Истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ба хизмати содиқона сафарбар созанд.
Дар охир, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба падару модароне, ки ин гуна фарзандони бонангу номусро ба воя расондаанд ва имрӯз сарбаландона хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда истодаанд, миннатдории хешро баён намуданд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...