Хонандагон дар олимпиадаҳо 161 ҷой ва варзишгарон 322 медал гирифтанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 415
Садриддин Сайдализода, муовини раиси ноҳияи Данғара дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Данғара дар шашмоҳаи аввали соли 2023 гуфт, ки иҷрои нақшаи даромади буҷет бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 111 миллион сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нақша 30,5 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба соли гузашта 19,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ноҳия вобаста ба амалӣ намудани солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" ва «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 - 2025» то ба имрӯз бо ҷалби соҳибкорон бунёди 28 корхонаи хурду калони истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонӣ, дӯзандагӣ, ширӣ, ҳасиб, меваю сабзавот, макарон ва равғани растанӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли 2022-юм 7 адад ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2 адади он ба истифода дода шуд ва баистифодадиҳии 4 адади дигар дар соли 2023 пешбинӣ гардидааст.
Садриддин Сайдализода изҳор дошт, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" 30 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки айни ҳол 12-тои он фаъолият дошта, дар ин давра маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо ба 30,1 миллион сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 700 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. Аз оғози фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" ҳаҷми сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1,9 миллиард сомонӣ расидааст ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми сармоягузории субъектҳои минтақа 24 миллион сомониро ташкил медиҳад.
- Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 161 ҷой гардиданд. Инчунин, ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, сазовори 322 медал, аз ҷумла 90 медали тилло, 82 медали нуқра ва 150 медали биринҷӣ гардиданд.
Вобаста ба омодагӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорон бунёду азнавсозии 15 бинои нави муассисаи таълимӣ ба нақша гирифта шудааст, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар 11 муассисаи нави таълимӣ барои 4640 хонанда дар ду баст бомаром идома дорад. Баистифодадиҳии 9 адади он дар нимаи дуюми соли 2023 барои 3840 нафар дар ду баст ба нақша гирифта шудааст.
Зикр гардид, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия бунёд ва таъмиру таҷдиди 179 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз миқдори умумии иншоотҳо айни ҳол 41 иншоот ба истифода дода, 20 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва зиёда аз 60 километр роҳҳои деҳот сангфарш карда шудаанд. Арзиши умумии иншоотҳои бунёдшуда зиёда аз 160 миллион сомониро ташкил медиҳад. Алҳол дар ҳудуди ноҳия сохтмони 61 бинову иншоотҳои нави замонавӣ идома дорад ва ба истифодадиҳии 38 адади он дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...