Нақшаи андоз - иҷро!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 399
Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониён зимни нишасти хабарии хеш ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҷамъоварии андозҳои давлатӣ 101,6 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 32 миллиону 064 ҳазору 991 сомонии дар нақша буда, ба буҷет 32 миллиону 580 ҳазору 100 сомонӣ ворид гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,1 миллион сомонӣ зиёд буда, 107,1 фоизро ташкил медиҳад Дар ин давра дар ноҳия ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиарду 107 миллиону 634 ҳазору 500 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60 миллиону 780 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 5,8 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ҳаҷми умумӣ маҳсулоти истеҳсолшуда 899,3 миллион ё ин ки 81,2 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ, 124,9 миллион ё ин ки 11,3 фоиз ба соҳаи саноат ва 83,3 миллион ё ин ки 7,5 фоиз ба соҳаи сохтмон рост меояд.
Тибқи маълумотҳои мавҷуда айни замон дар ноҳия 40 корхонаи истеҳсолии саноатӣ ва 2 корхонаи саноатии хизматрасонӣ фаъолият мекунанд, ки аз тарафи корхонаҳои мазкур 60 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад.
Инчунин, мавсуф изҳор дошт, ки дар шаш моҳи сипаригаштаи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ба 124 миллиону 940 ҳазору 800 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 15 миллиону 773 ҳазору 200 сомонӣ кам мебошад. Аз ин рӯ, масъулин вазифадор карда шуданд, ки марҳила ба марҳила то ҷамъбасти сол дурнамсои тасдиқгардидаи истеҳсоли маҳсулоти саноатиро таъмин намоянд.
Дар асоси маълумотҳои мавҷуда ба санаи 1 июли соли ҷорӣ аз ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ба хориҷи кишвар 3 ҳазору 988 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст, ин 88,6 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...