РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ АМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ МУЛОҚОТ КАРД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 374
Нимаи дуюми рӯзи 27 июл раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар сафири Аморати Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Муҳаммад Ал Ариқиро ба ҳузур пазируфт.
Зикр гардид, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дошта, таҳлили рушди муносибатҳои дуҷониба аз рушди муттасили равобити тиҷоратию иқтисодӣ шаҳодат медиҳад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар мулоқот бо сафири Аморати Муттаҳидаи Араб қайд намуд, ки аз замони роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар равобити мутақобилан судманд дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию маданӣ устувор гардиданд.
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар оғози роҳбарии худ эълон дошта буданд, ки дари Тоҷикистон барои давлатҳое, ки нияти мустаҳкам намудани ҳамкориҳои самарабахш ва дӯстонаро доранд, боз аст, - таъкид намуд раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, роҷеъ ба роҳҳои таҳкиму тавсеаи мушорикат дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва илму фарҳанг табодули афкор намуданд.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...