Мутахассисони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба маблағи 8,8 миллион сомонӣ камбудиҳоро ошкор карданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 442
«Дар асоси нақшаи корӣ дар шашмоҳаи аввали соли равон шуъбаи аудити дохилӣ ва назоратии Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон ва мутахассисони раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо дар 209 ташкилоту муассисаи буҷетӣ таҳлилҳои интихобӣ гузаронида, ба маблағи 8,8 миллион сомонӣ камбудиҳоро ошкор намуданд», — гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода.
Ба таъкиди сардори сарраёсат, аз маблағҳои ошкоргардида 7,5 миллион сомонии онро зарари молиявӣ ташкил менамояд.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ 1 миллиарду 155,4 миллион сомонӣ ё 88,4 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона шудаанд.
Барои пардохти фонди музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ вобаста ба воридоти маблағҳои даромад 1 миллиарду 101,9 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 84,2 фоизи хароҷоти умумиро дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар бар мегирад.
Аз ҷумла, барои музди меҳнат 859,0 миллион сомонӣ, ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 218,0 миллион сомонӣ, барои пардохти ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ ва алоқа 17 миллион сомонӣ, барои идрорпулӣ, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо 6,9 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Тибқи маълумот, маблағи ҳисобшудаи рухсатпулии омӯзгорон 196,8 миллион сомониро ташкил намуд, ки то имрӯз пурра маблағгузорӣ гардида, 100 фоизи маблағҳои ҳисобшударо ташкил менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҳисоби маблағҳои барзиёди буҷетҳои маҳаллӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ва маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ дар маҷмуъ ба маблағи 9,7 миллион сомонӣ бо дарназардошти қарзҳои солҳои пешин равона шудааст.
Ҳамзамон дар ин давра аз буҷетҳои маҳаллӣ ба ташкилоти роҳтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 3 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Ҳабибулло Иззатуллозода ҳамчунин иброз дошт, ки «зимни таҳлилҳои интихобӣ аз маблағи умумии ошкоршуда 6,9 миллион сомонӣ барқарор шуд, ки аз ин маблағ 884,4 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 6 миллион сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо рост меояд, ки 78,1 фоизи маблағҳои ошкоршударо дар бар мегирад».
Инчунин бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 60 мавод ба маблағи 5,9 миллион сомонӣ камбудиҳои ошкоршуда барои баррасӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардид.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00