Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ғ. САФАРЗОДА: "52,8 ФОИЗИ АТТЕСТАТИ АЪЛО НАСИБИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД"


Ғ. САФАРЗОДА: "52,8 ФОИЗИ АТТЕСТАТИ АЪЛО НАСИБИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД"




Дар нишасти хабарии сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода гуфта шуд, ки яке аз дастовардҳои назарраси соҳаи маориф ба даст овардани 18 медал бо аттестати аъло мебошад. Агар дар сатҳи ҷумҳурӣ 34 нафар бо ин аттестат мушарраф гашта бошад, пас 52,8 фоизашро вилояти Хатлон гирифт. 

Инчунин, аз имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон, аз себаста баровардани муассисаҳои таълимӣ, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузарӣ, мукофотонии омӯзгорони пешсаф, таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ ёдовар гардиданд.

Сипас, рӯзноманигорон вобаста ба ҷалби мутахассисон, ҳавасмандгардонӣ, натиҷа дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, таъиноти кадрӣ дар соҳаи маориф, таълими хонагӣ, пншгирии наврасон аз ҷинояткорӣ ва худкушӣ суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Ғазалшоҳ Сафарзода дар сатҳи лозима бо пешниҳоди презентация бо истифода аз тахтаи электронӣ аз бурду бохти соҳа ҳисобот дод. Китобчаи ҳисоботии Раёсати маориф бо истифода аз кюаркод ва инфографика дастраси намояндагони хабарӣ карда шуд. Ҳамзамон, рӯйхати кюаркод аз расонаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ пешниҳод карда шуд, ки дар матлабҳои мазкур соҳаи маориф пайгирӣ шудааст. Бахусус, кюаркод аз матлаби рӯзномаи "Хатлон", ки аз дастовардҳои хонандагони вилоят қисса мекунад, ҷой дода шуда буд.

С. АЗИЗЗОДА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода