Сарбози Ватан будан ифтихор аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 660
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи дастоварду музаффариятҳои Истиқлоли миллӣ, сохти конститутсионӣ, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат, таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, интизоми намунавӣ ва иродаи қавии хизматчиёни ҳарбӣ нақши бузург дорад. Қисми ҳарбии 87740 дар қаламрави вилояти Хатлон воқеъ буда, баҳри таъмини дифои марзу буми кишвар нақши муҳим дорад. Аз фаъолияти кунунии он ба хонандагони рӯзномаи “Хатлон” маълумот медиҳем.
12 феврали соли 1999 таҳти №1154 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил намудани қисми ҳарбии 87740 ба номи Изатулло Куганов интишор ёфт. Тибқи дастури Вазорати мудофиа аз 24 феврали соли 1999 қисми ҳарбии мазкур дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон созмон дода шуд. Худи ҳамон сол бригада ба омодагии ҷангӣ - нақшавӣ шурӯъ кард. Соли 2000-ум бошад, бо дастовардҳои худ дар машқҳои муштараки «Сипари ҷанубии Иттиҳод-2000» ширкат варзида, аввалин маросими тӯппарониро ба ҷо овард.
Ин боварӣ неруи ҳайати бригадаро тақвият бахшида, бо омодагии комил соли 2001 дар барҳамдиҳӣ ва несту нобуд сохтани гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иштироки фаъолона намуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.
Бо доштани чунин маҳорати баланди ҷангӣ бригада дар чандин машқҳои муштарак ширкати фаъолона намуда, аз ҷониби роҳбарияти машқҳо ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланди ҷангӣ гирифт.
Ҳамасола машқҳои гурӯҳию саҳроӣ ва тактикии хешро ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ дар машқгоҳҳои «Сунбула», «Мумирак» давом дода, ба ин васила маҳорати касбии хешро ғанӣ менамоянд.
Бори аввал дар таърихи бригада моҳи ноябри соли 2002 ҷамъомади таълимию методии ҳайати роҳбарикунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ҳамаи тадбирҳои номбурда ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ аз тарафи роҳбарияти машқҳо ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои хуб гирифта, як гурӯҳ афсарону сарбозон бо мукофотҳо сарфароз гардонида шудаанд.
Сазовори байрақи “Сайёр”
19 сентябри соли 2010 дар натиҷаи ҳамлаи номардонаи гурӯҳи террористон, ки боиси ҳалокати 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷароҳат бардоштани чанд тан аз онҳо гардида буд, қисми ҳарбӣ дар амалиёти дастгир ва несту нобуд кардани гурӯҳи муташаккили террористон дар ноҳияи Рашт фаъолона иштирок намуданд.
Дар солҳои 2010-2011 қисми ҳарбӣ дар мусобиқаи умуминизомӣ байни ҷузъу томҳои ҚМ ҶТ сазовори ҷои аввал дар байни бригадаҳо дониста шуда, соҳиби байрақи «Сайёр» -и Вазорати мудофиа гашт.
То ин замон қисми ҳарбии 87740 дар миёни қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфузу эътибори хосса дошта, дар тайёр намудани мутахассисони ҳирфавӣ ва гузаронидани машғулиятҳои тактикию саҳроӣ нақши созгор дорад.
Шароити хизмат дар қисми ҳарбӣ чӣ гуна аст?
Шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ дар қисми ҳарбии 87740-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хеле хуб буда, бо дастгирии бевоситаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард марҳила ба марҳила беҳтар мегардад. Барои баланд бардоштани савияи дониши ҳарбии афсарону сарбозон синфхонаҳои муҷаҳҳази таълимӣ ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, инчунин барои баланд бардоштани ҳисси ҳарбии ватандӯстии сарбозон майдончаҳои тактикии дорои имкониятҳои хуби таълимӣ барои дарсҳои амалӣ, тирпарронӣ муҳайё мебошад. Баргузории машғулиятҳои гуногуни саҳроӣ, тирпарронӣ аз силоҳу муҳиммоти сабуки оташфишони ҷангӣ ва таълимоти назариявию амалӣ ҳама шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар қисми ҳарбӣ шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ хуб буда, дар он хобгоҳ, ҳаммоми тобистона ва зимистона, китобхона ва кохи фарҳангӣ низ мавҷуд аст, ки сарбозон рӯзҳои истироҳатии хешро метавонанд бо мутолиаи асарҳои бадеӣ, навохтани асбобҳои мусиқӣ ва ташкили маҳфилҳои шеъру тарона гузаронанд.
Бо дарназардошти вазъи носолиме, ки қисме аз кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, ҳар як ҷавони бо нангу номуси ватанро мебояд ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳимояи хоки ниёгони хеш содиқона хизмати модар-меҳанро ба ҷо оранд. Мавриди зикр аст, ки ҳар ҷавоне аз ин мактаби мардонагӣ сабақ мегирад, рӯҳану ҷисман обутоб ёфта, ба мушкилиҳои зиндагӣ омода мешавад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавони ватандӯсту хештаншинос мояи ифтихори бузург буда, боиси сарбаланду сарфароз гардидан дар миёни ҷомеа мегардад.
Аз ин рӯ, ҷавонони ватандӯсти кишварро даъват менамоем, ки бо сари баланд ба хизмати аскарӣ рафта, қарзи фарзандии хешро дар назди Ватан-модар шарафмандона адо намоянд.
Абдулло РИОЕВ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...