Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ муҳим аст


Ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ муҳим аст



Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори Сарраёсати молияи вилоят бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ҷиҳати тафсири Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, таҳти №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ҷамъомади омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш масъалаи вусъат бахшидани низоми нави ҳисоббаробаркуниҳо ва пардохтҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ баррасӣ гардид. Ҳабибулло Иззатуллозода, сардори Сарраёсати молия дар вилояти Хатлон, иброз дошт, ки аз санаи 1 августи соли ҷорӣ тамоми пардохтҳои андоз, боҷҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад. 

“Гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ба устувории асъори миллӣ мусоидат намуда, фаъолияти моро дар самти амалишавии тамоми намуди андозҳо ва ҷаҳонишавии иқтисоди кишвар ҷоннок мегардонад. Гузариш ба низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ омили таъмини шаффофият дар раванди ҳамагуна пардохтҳо арзёбӣ гардида, анозсупорандагон метавонанд ҳама гуна амалиётҳои бонкиро ба таври осон ва бе сарфи вақти зиёдатӣ анҷом диҳанд”, - афзуд Ҳ. Иззатуллозода.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода