Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Барномаи рушд чанд фоиз иҷро шуд?


Барномаи рушд чанд фоиз иҷро шуд?



Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 татбиқи 368 лоиҳаро ба маблағи умумии 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст.

Дар солҳои 2021-2022 дар доираи тадбирҳои андешидашуда 131 лоиҳаи Барнома ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ ё 42,1% иҷро гардида, дар 95 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд. 

Нишондиҳандаҳои пешбинишуда барои солҳои 2021-2023 дар сатҳи 91,8% иҷро гардида, бо дарназардошти лоиҳаҳои иҷрошуда аз аввали татбиқи Барнома иҷроиш ба 42,5% баробар аст. 

Дар ҳамин ҳол, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 низ то ин давра 51 лоиҳа ба маблағи 830,9 миллион сомонӣ иҷро шуда, дар 58 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд. Мутобиқи Барномаи мазкур, 225 лоиҳа ба маблағи 7 миллиарду 12 миллион сомонӣ бояд амалӣ карда шавад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода