Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОРИ АВВАЛ! 17 хонанда аз вилояти Хатлон мактабро бо медали тилло ва нуқра хатм карданд


БОРИ АВВАЛ! 17 хонанда аз вилояти Хатлон мактабро бо медали тилло ва нуқра хатм карданд




17 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра аз тарафи вазири маориф ва илми кишвар мукофотонида шуданд. Ин нишондиҳанда дар миёни минтақаҳои ҷумҳурӣ натиҷаи баландтарин маҳсуб мегардад, зеро дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 34 хонанда ба дарёфти медалҳои тилло ва нуқра ноил гардиданд.  

Дар ҷамъбасти озмуни мазкур, ки рӯзҳои 20-21-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, масъулон ва довталабони озмун, омӯзгорон, падару модарон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Хатмкунандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Фархор, Данғара, Кӯлоб, Норак, Вахш ва Ёвон холҳои баланд ба даст оварда, соҳиби аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра гарданд.

Ба чунин сатҳи натиҷа расидани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гувоҳи беҳтар гардидани сифати таҳсилот мебошад. Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон низ давоми солҳои охир фаъолияти худро таҳким бахшида, ба натиҷаҳои назаррас дар самти озмуну олимпиадаҳо ва гирифтани аттестати аъло ноид шуда истодааст.

Дар асоси таҳлил сатҳи донишазхудкунии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давра ба давра баланд мегардад. Масалан, хонандагони муассисаҳои таълимӣ чоряки чоруми нимсолаи дуюми соли таҳсили гузаштаро бо 58,2 фисади сифати таҳсилот ҷамъбаст намуданд, ки натиҷаи хуб арзёбӣ мешавад. Дараҷаи азхудкунии дониш дар муассисаҳои таълимии вилоят 99,9 фисадро ташкил намуд, ки дар муқоиса бо соли таҳсили гузашта нишондиҳандаи беҳтар мебошад.

Бояд гуфт, ки барои довталаби аттестати аъло ва медали тилло шудан хонанда бояд 10 соли таҳсилашро (аз синфи 2 то 11) пурра бо баҳои 5 (аъло) сипарӣ намуда бошад. Ҳамзамон, дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ медал ба даст оварда, интизоми намунавӣ дошта бошад.

С. Азиззода, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода