Қариб 30%-и қарзҳои бонкӣ ба рушди кишоварзӣ равона шудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 398
Бонкҳо ҳаҷми қарзҳои бонкии ҷудошударо ба иқтисодиёти вилояти Хатлон афзоиш додаанд. Танҳо дар 6 моҳи соли 2023 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои иқтисодӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 1 миллиарду 855,8 миллион сомонӣ қарзи бонкӣ равона намудаанд.
Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми қарзҳои бонкӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 528,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба соҳаҳои кишоварзӣ 555,9 миллион сомонӣ (29,9%), саноат – 80,9 миллион сомонӣ (4,4%), сохтмон – 55,4 миллион сомонӣ (3%), нақлиёт – 9,3 миллион сомонӣ (0,5%), хӯроки ҷамъиятӣ – 2 миллион сомонӣ (0,1%), хизматрасонӣ – 135,2 миллион сомонӣ (7,3%), савдои хориҷӣ – 182,9 миллион сомонӣ (9,9%), истеъмолот – 782,9 миллион сомонӣ (42,2%) ва дигар соҳаҳо – 51,3 миллион сомонӣ (2,7%) равона карда шудааст.