209 зан дар мақомҳои роҳбарикунанда
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 445
Айни замон дар вилояти Хатлон 13 ҳазору 887 нафар занони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд, ки нисбат ба як сол пеш шумораи занони роҳбар 26 нафар зиёд шудааст.
Аз Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, ки аз шумораи умумии 3 миллиону 610 ҳазору 658 нафар аҳолии вилоят 1 миллиону 780 ҳазору 54 нафарашон занону духтарон (49,2%) мебошанд. “Шумораи занҳои коргар дар вилояти Хатлон 188 ҳазору 603 нафар ҳисоб шудааст. Аз шумораи умумии 2979 воҳиди хизматчиёни давлатӣ дар 540 воҳиди корӣ занон фаъолият дошта, аз ин шумора 209 нафар (38,7%) занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд”, - зикр кард манбаъ.
Дар вилоят 95 зани олим, аз ҷумла 5 нафар доктори илм ва 90 нафар номзади илм ба таҳқиқотҳои илмӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ машғуланд. Шумораи занонсоҳибкорони инфиродӣ 17541 нафар буда, аз инҳо 12425 нафар бо шаҳодатнома ва 5116 нафар бо патент фаъолият менамоянд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00