Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо


Беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо



Бо мақсади паст намудани обҳои зеризаминӣ, кам кардани шӯршавии заминҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат дар ноҳияи Фархор кандани заҳбуру заҳкашҳо бо маром идома дорад.

Тавре ки аз маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, аз ҷумла, заҳбури КА-14-и деҳаи Муҳоҷирободи Ҷамоати деҳоти “Дарқад”-и ноҳия, ки чанд соли охир тоза нагардида буд, бо истифода аз техникаҳои муосир канда ва поккорӣ шуда истодааст. Ин заҳкаш дар масофаи 8 километр бояд тоза шавад. Дар айни ҳол корҳо дар ин самт оғоз гардида, аллакай 1 километри он тоза шудааст.

Кишоварзони ноҳияи Фархор, ки дар таъмини бозори истеъмолии вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши муҳим доранд, дар баробари агротехникии кишти зироат инчунин ба беҳдошти ҳолати мелиоративи заминҳои корам низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода