«АНДАЛЕБ-2023». Дар Данғара даври ноҳиявии Фестивал-озмун доир шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 526
19 июл дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид. Дар ин хусус ба рӯзномаи «Хатлон» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.
Дар озмуни мазкур аъзои ҳакамон аз ҳисоби Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва роҳбарияти ноҳия иштирок доштанд.
Пеш аз оғози фестивал ҳакамон бо намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони ноҳия шинос шуданд. Ҳунармандони ноҳия аз рӯи 12 бахши Низомномаи фестивал-озмуни мазкур ба ҳакамон ва тамошобинон ҳунари худро пешниҳод намуданд.
Дар охир аъзои ҳакамон ба намоишномаи ҳунарие, ки ҳаваскорони ноҳияи Данғара омода намуда буданд, баҳои баланд доданд.
Бояд ёдовар шуд, ки Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳо, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 гузаронида шуд.
Мақсад аз баргузории он - намоиш додани дастовардҳои ҳунариву фарҳангии даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонон ва наврасон, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор буда, аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ тавассути озмун комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар минтақаи мамлакатро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон мегардонанд.
Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00