Таҷрибаи ноҳияи Вахш - намуна
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 463
Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Вахш оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир гардид.
Дар кори семинари омӯзишӣ муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода, раисони комиссияҳои даъватӣ, комиссари ҳарбии вилоят, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
“Ҳадаф аз баргузории семинари омӯзишӣ дар ноҳияи Вахш, пеш аз ҳама, дар амал татбиқ намудани уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ мебошад. Таҷрибаи масъулини ноҳияи Вахш дар даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хуб арзёбӣ гардида, дар иҷрои нақшаи даъватӣ саҳми кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо ва аҳли ҷомеа назаррас аст. Аз ин бармеояд, ки масъулини ниҳодҳои дахлдор корҳои тарғиботию ташвиқотиро миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон хуб ба роҳ монда, дар қалби онҳо ҳисси ватандӯстиро бедор намуда, онҳо ихтиёран ба хизмати Ватан-модар омодагӣ гирифтанд”, - зикр кард А. Сулаймонзода.
Ҳимояи марзу буми кишвар қарзи ватандӯстии ҳар фарди баору номуси миллат мебошад. Баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ ва муҳаббат ба хизмати ҳарбӣ дар қалби ҷавонон, пеша аз ҳама, ба волидайн ва фаъолони ҷомеа вобастагии калон дорад.
Дар семинари омӯзишӣ комиссари ҳарбии вилоят ва дигар намояндагон зимни баромадҳои хеш қайд намуданд, ки баргузории семинар оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ такони ҷиддие дар раванди маъракаи пешорӯи даъвати тирамоҳӣ хоҳад бахшид. Зеро таҷрибаи маъракаи даъвати ҷавонон дар ноҳияи Вахш нишон дод, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар маҳалҳо, ҷавонони хештаншиносу ватандӯсти ноҳия барои адои хизмати ҳарбӣ довталабона омодагӣ гирифта, дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ иҷрои нақшаро пурра таъмин намуданд.
Раисони комиссияҳои даъватӣ, комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки дар даъвати тирамоҳии ҷавонон корро мувофиқи талаботи мавҷуда ба роҳ монда, аз захираҳои даъватие, ки ба қайд гирифта шудаанд, мувофиқи матлаб истифода баранд.
Муовини раиси вилоят, ҳамзамон раиси комиссияи вилоятии даъватӣ А. Сулаймонзода дар семинар аз ҷумла гуфт, ки барои сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои ронандагӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо дар даъвати баҳорӣ нақшаи пешбинишуда иҷро нагардид, ки аз ин ҳисоб 580 нафар кам ба нақша гирифта шудааст.
Ба масъулини шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки ҷалби ҷавононро ба курсҳои ронандагӣ афзоиш дода, дар ин самт бо Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа” ҳамкории зич ба роҳ монанд.
Дар семинар-машварат қайд гардид, ки падару модарон низ ҳисси хештаншиносӣ, худогоҳӣ, меҳанпарастиро дар қалби фарзандон бедор намуда, онҳоро барои хизмати бошарафона ба Ватан-модар, ҳимояи марзу буми кишвар омода созанд. Ифтихоровар аст, ки солҳои охир сафи ҷавонони ватандӯсту ғайратманде, ки ихтиёран барои хизмати Ватан-Модар ҳозир мешаванд, хеле афзудааст.
Дар охир, ба масъулин дастур дода шуд, ки камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро то даъвати тирамоҳӣ бартараф намуда, барои таъмини иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ корро мувофиқи талабот ба роҳ монанд.
Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00