Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Суҳбат бо Муҳаббатапаи 87-сола аз Шветсия


Суҳбат бо Муҳаббатапаи 87-сола аз Шветсия




Ҳамагӣ чанд рӯз пеш навори зани солдидае дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, ки бо ашки чашм аз Тоҷикистон ёд мекард ва аз лаҳзаҳои ширини дар ватан буданаш бо ҳасрат хотироташро варақгардон менамуд. Ӯ солҳои зиёд аст, ки Тоҷикистонро надидааст. Акнун орзуи ягонааш ин аст, ки як бори дигар ба меҳан ояд ва армони дил бишканад.

Муҳаббатапа Усмонова мутаваллиди ноҳияи Темурмалики Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳоло дар шаҳри Стокголми Шветсия зиндагӣ мекунад. Чанд рӯз пеш мавсуф зодрӯз доштанд ва ба синни мубораки 87 қадам гузоштанд.

Қаҳрамони мо дар шаҳри Кӯлоб таҳсил намуда, фаъолияти кориро дар ноҳияи Фархор оғоз кардааст. Ҳамчун момодоя дар ноҳияи мазкур солҳо фаъолияти назаррас нишон додааст.

Рӯзномаи “Хатлон” бо Муҳаббатапа дар тамос шуд ва фишурдаи суҳбати бо эшон анҷомдода баҳратон пешниҳод мешавад.

-Дуруд, Муҳаббатапаи гиромӣ! 

- Бар Шумо низ дуруд!

-Чӣ ҳол доред? Саломативу аҳли хонавода хуб аст? 

- Худоро шукр, қариб 90-сола шуда истодаам. Гӯшҳоям хуб намешунаванд. Баъзе ноҷуриҳо дар саломатиам ҳаст, аммо худамро идора карда метавонам, яъне метавонам гӯям, ки ҳоло бардамам.

-Доир ба сарнавишти хеш дар Ватан чӣ гуфта метавонед?

- Ман 8 июли соли 1937 дар ноҳияи Қизилмазори (Темурмалики ҳозира) вилояти Кӯлоб таваллуд шудаам. Баъди он ки ҷанги калон сар шуд, бо ҳамроҳии бобоям ба ноҳияи Фархор кӯчидем. Дар он ҷо амакам Усмонов Абдураҳим зиндагӣ мекард ва ҳамсарашон аз Қизилмазор, тоҷик буд. Мо ду сол дар хонаи онҳо истодем ва вақте модарам ба кор даромад, хона доданд ва ба он ҷо кӯчидем. Соли 1956 ман синфи 10-ро тамом кардам. 

-Дар Кӯлоб чӣ кор мекардед? 

- Ман Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлобро хатм кардаам. 

-Доир ба фаъолияти момодоягии худ қисса мекардед. 

- Ман дар ноҳияи Фархор чанд сол ҳамчун момодоя кор кардаам ва 12000 кӯдак зери назорати ман таваллуд шудааст, ки ин ҳамеша боиси хушҳоливу сарафрозии ман аст. 

-Кадом сол ба Шветсия рафтед?

- Ман соли 1995 ба ин ҷо омадам. Бояд гӯям, ки аз Тоҷикистон нагурехтам, ман гуреза нестам. Шавҳари духтарам курд буд, маро ба ин ҷо даъват кард ва гуфт, ки биёед, бо мо зиндагӣ кунед ва моро кумак кунед, зеро дар он вақт духтарам дуюм фарзандашро таваллуд карда буд. Моҳи январи соли 1995 ба ин ҷо омадам ва ҳамин тавр мондам. 

Нахуст дар ин ҷо моро ба сукунати хайрхоҳона фаро гирифтанд. Дар шиносномаам “Шаҳрванди СССР” навишта шуда буд. Инҳо ба ман гуфтанд, ки шуморо ба куҷо равон кунем? Баъд маро иҷозати сукунат доданд. 

-Набераҳо чӣ ҳол доранд? 

- Онҳоро ман калон кардам. Ҳоло яктояш донишгоҳу аспирантура хонду дар Созмони Милали Муттаҳид кор мекунад ва ҳамсараш 

- Симо аз Тоҷикистон аст. 

-Чанд сол шуд, ки Шумо Тоҷикистонро надидаед? 

- 29 сол шуд, ки ман аз Тоҷикистон ҷудоям, аммо 3 бор ба Тоҷикистон омада будам: солҳои 2019, 2013 ва 2015. Дар ин сафарҳо набераам ба ман кумак мекард. Набераам Маҳмадҷонов Алишер ном дорад. Ҳоло 8 сол мешавад, ки Ватанамро надидаам. Қалби ман дар Тоҷикистон аст.

-Дар Шветсия тоҷикон ҳастанд ва бо онҳо робита доред?

- Дар ин ҷо бисёр тоҷикон ҳастанд. Бо Гулнораву Ситора ном бонувони тоҷик шинос шудам. Онҳо маро пайваста кумак мекунанд. 

Иди Қурбонро якҷоя гузаронидем, бисёр аҷоиб буд. 

-Агар мо Шуморо ҳамчун меҳмони фахрӣ дар рӯзи Истиқлоли давлатӣ ба Ватан даъват кунем, меоед? 

- Албатта, агар саломатиам хуб бошад, меоям. Мехоҳам, ки якҷоя хурсандӣ кунем. 

-Зиндаву саломат бошед, Муҳаббатапа!

- Раҳмат, ки аз ҳоли мо пурсон шудед, ҳазор ташаккур. 

Мусоҳиб 
Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода