Соҳибкорон бунёд мекунанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 443
Мардуми деҳаҳои Ғеш, Кӯлчашма, Дуоб, Хоразмони ноҳияи Муъминобод ба чорводорию боғдорӣ шуғл доранд. Дар талу теппаҳои ин мавзеъҳо ҳазорҳо дарахтони себу олуча, нок, дӯлона, хучи худрӯй месабзанд. Вале ҳосили боғҳо талаф меёбад, онро истифода намекунанд. Ҳамчунин ҳар оилаи ин маҳалҳо соҳиби 4-5 гови ширдеҳ мебошад. Маҳсулоти онҳо низ исроф мешуд. Соҳибкори маҳаллӣ Файзалӣ Забиров ҳамаи инро ба инобат гирифта, дар деҳаи Ғеш ду бинои хуштарҳу замонавӣ бунёд намуд. Дар соли аввали фаъолият ду сехи коркарди маҳсулоти ширӣ ва шарбатбарорӣ беш аз 300 тонна маҳсулотро коркард намуданд. Онҳо мағозаи шахсии худро кушоданд. Соли чорум аст, ки мардум аз хизмати ин сехҳои замонавӣ истифода мебаранд.
Вақте ки бо иқдомҳои ватанпарваронаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 ва баъд, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, соҳибкор Ҷумъахон Қиматов дар домани кӯҳҳои Чилдухтарон дар масоҳати қариб 4 гектар ба корҳои бунёдкорӣ камари ҳиммат баста, биноҳои 5-ошёна ва 2-ошёна сохт. Бинои панҷошёна дорои тарабхона, ҳуҷраҳои хоб буда, ба талаботи меъморӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар бинои дуошёна низ ҳуҷраҳои хоб, ду маҷлисгоҳ ҷойгиранд. Дар назди ин биноҳо хонаҳои бо тарҳу ороиши хатлонӣ, бадахшонӣ, раштӣ, ҳисорӣ бунёд ёфтаанд.
Дар ҳар яки онҳо аз 7 то 10 нафар меҳмононро қабул кардан мумкин аст. Дегу дегдончаҳо низ дар ихтиёри ошпазҳои маркази сайёҳӣ ва ҳам мизоҷон гузошта шудаанд. Дар як вақт ин марказ то 150-160 нафарро қабул карда метавонад.
Дар як соли охир дар ин ҷо муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ беш аз 20 семинари сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ гузарониданд. Беш аз 6 ҳазор нафар сайёҳону меҳмонон аллакай ин мавзеъҳоро тамошо кардаанд. Дар 10 қисмати ин маркази дилписанд шаршараҳои дорои манзараҳои афсонавӣ дилро тасхир мекунанд. Акнун соҳибкор азм дорад, ки дар ин ҷо боз як чойхонаи миллӣ, консертӣ, ду ҳавзи шиноварӣ бунёд кунад. Боғи бунёдшудаистодаи сегектара низ бо меваҳои шаҳдбораш коми меҳмононро ширин хоҳад кард.
Ҳарчанд дар шафати бинои куҳнаи муассисаи таълимии №12-и деҳаи Душанбе синфхонаҳои иловагӣ сохтанд, бо мурури замон синфхонаҳо намерасиданд. Инро ба инобат гирифта, сокини деҳа Бобоҷон Каримов тарҳи нави бинои дуошёнаи таълимгоҳро ба нақша гирифта, ба бунёди он шуруъ кард. Хонандагон аз соли нави таҳсили имсола дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ таҳсил хоҳанд кард.
Нурулло Ҳасанов,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...