Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Шумораи медалҳои варзишгарон афзудааст


Шумораи медалҳои варзишгарон афзудааст




Варзишгарони вилояти Хатлон нимаи якуми соли 2023 дар 90 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 334 медали тилло, 363 медали нуқра, 440 медали биринҷӣ, ҳамагӣ соҳиби 1137 медал гардиданд.

Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд.

Манбаъ афзуд, ки инчунин, варзишгарони вилояти Хатлон имсол дар 17 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, 27 медали тилло, 28 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар умум, варзишгарони вилоят 1227 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48 медал зиёд мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода