Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Маҳфили идона ба муносибати Рӯзи маъюбон дар Бохтар


Маҳфили идона ба муносибати Рӯзи маъюбон дар Бохтар



Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва соҳибкорони ватандӯст ба муносибати Рӯзи маъюбон ва пиронсолон (8 июл) дар тарабхонаи "Орзу"-и шаҳр маҳфили идона бо густурдани дастурхони идона ва базму суруд бо ширкати васеи нафарони дорои маъюбият барпо гардид. 

Раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода зимни мулоқот бо иштирокдорон изҳор дошт, ки таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон, шахсони яккаву танҳо ва ба саробонӣ ниёздошта дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. 

- Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, - афзуд раиси шаҳр. - Аз замони ба даст овардани истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Дар идома як қатор фаъолон барои саҳми арзанда гузоштан дар ҳаёти нафарони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи маъюбон дар Тоҷикистон бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд. 
Намояндагони ҷамъиятҳои маъюбон суханронӣ карда, миннатдории хешро барои ташкили чунин иқдоми хайрхоҳона баён доштанд.

Ҳамзамон барномаи пурмуҳтавои овозхонҳои бахши фарҳанги шаҳри Бохтар пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Қобили зикр аст, ки бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон низ барномаҳои фарҳангию фароғатӣ доир мешаванд.

Абдулло Риоев, рӯзномаи "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода