Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мақсад - таъмини волоияти қонун


Мақсад - таъмини волоияти қонун




Дар бинои прокуратураи вилояти Хатлон ҷаласаи ҳайати мушовараи прокуратураи вилоят баргузор гардид.

 
Дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2023 ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда баҳри таъминоти волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар нимсолаи дуюми соли 2023, ҳолати иҷрои фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷараёни пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва ба амал баровардани адолати судӣ” баррасӣ гардиданд.

Тибқи маълумоти дар ҷаласа пешниҳодгардида дар 5 моҳи соли ҷорӣ ҳолати ҷинояткорӣ нисбатан паст гардид. Дар ин давра 2621 ҳолати ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 290 ҷиноят кам мебошад. Аз ин шумора 36%-и ҷиноятҳо аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят ошкор карда шудаанд.
 
Ҳамчунин, маврид ба ёдоварист, ки назорати умумӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти прокуратура маҳсуб ёфта, шумораи санадҳои эътиноии прокурорӣ ба 20 405 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1525 адад зиёд мебошад. Инчунин, дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин бо натиҷаи санҷишҳо ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳо 1457 адад санадҳои прокурорӣ бароварда, бо натиҷаи баррасии онҳо 1973 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.
 
Нисбати 74 нафар шахсони мансабдор ва хизмат чиёни давлатӣ вобаста ба қонунвайронкунии замин 45 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, аз он нисбат ба 21 раиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 8 корманди кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, 5 парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони шуъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, 4 роҳбари хоҷагӣ, 2 корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва 5 мансабдор оғоз карда шудааст.

Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ масоҳати 4346 га қитъаи замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгашта ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода