Чаро қадрдонии ғолибони даврҳои шаҳриву ноҳиявиро ба таъхир андохтаанд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 672
Чанд соли охир бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ташкил гардидааст, ки новобаста ба синну сол сокинони мамлакат дар онҳо ширкат намуда, донишу маҳорати худро санҷида такмил медиҳанд. Аз он ҷумла, то имрӯз даври дуюми озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат”-ро гузаронида шудаанд. Суоли матраҳ ин аст, ки ғолибони даврҳои шаҳрию ноҳиявӣ кай ва то кадом андоза қадрдонӣ карда мешаванд? Бо ин мақсад дар матлаби мазкур вазъи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”-ро байни шаҳру ноҳияҳо мав-
риди муқоиса қарор медиҳем.
Ёдовар мегардем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар доираи солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки ва сеи донишҷӯён, магистрантону докторон аз рӯйи ихтисос ва омӯзгорон бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шудааст. Баргузории ин озмун бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми феврали соли 2022 тасдиқ гардидааст. Дар ин асос раисони ҳар як шаҳру ноҳия оид ба баргузор намудан ва ҳавасманд кардани ғолибони даври шаҳрӣ-ноҳиявӣ қарори худро ба тасвиб расонида, иҷрои онро назорату таъмин мекунанд.
Чор даври озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" аз рӯйи тартиб ва вақти муайянгардида баргузор карда мешавад. Даври якуми озмун дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар моҳи апрел ва даври дуюм дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо дар нимаи дуюми моҳи май баргузор карда шуд. Инак, аз баргузории даври шаҳрию ноҳиявии озмун қариб ду моҳ сипарӣ шуд, вале масъулин бемасъулиятӣ зоҳир намуда, қадрдонии ғолибонро то ба имрӯз ба таъхир андохтаанд.
Масалан, қарори раиси ноҳияи Шаҳритус “Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар ноҳияи Шаҳритус” аз 4 майи соли 2023 тасдиқ гардидааст. Барои баргузорӣ як қатор ташкилоту муассисаҳо масъул гардида, дар банди 5-и қарор Раёсати молияи ноҳия барои амалӣ намудани чорабинии сатҳи ноҳиявӣ ба ҷудо намудани маблағи 29400 сомонӣ муваззаф карда шудааст. Дар маблағи мазкур баргузории чорабинӣ ва ҳавасмандгардонии ғолибони озмуни сатҳи ноҳиявӣ шомил мебошанд.
Тибқи қарори раиси ноҳия, барои қадрдонии ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм 17600 сомонӣ, барои омӯзгорон 11200 сомонӣ ва хароҷоти иловагӣ (омода кардани баннер ва амсоли ин) 600 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Хусусан, барои қадрдонии ғолиби ҷойи якуми даври ноҳиявии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯйи номинатсияи “Математика” 200 сомонӣ, ҷойи дуюм 150 сомонӣ ва ҷойи сеюм 100 сомонӣ муайян карда шудааст. Барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бошад, ҷойи якум 200 сомонӣ, ҷойи дуюм 150 сомонӣ ва ҷойи сеюм 100 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба иттилои масъулин, даври ноҳиявии озмун гузаронида шуда, 72 нафар довталаб ба даври сеюм, яъне вилоятӣ роҳхат ба даст оварданд.
Бахусус, аз фанҳои математика, физика, химия, биология, география ва технологияи компютерӣ 12-нафарӣ тавонистанд, ки донишу маҳорати худро нисбати дигарон беҳтар нишон дода, ғолибият ба даст биёранд.
Боиси таассуф аст, ки дар шаҳру ноҳияҳо ба масъалаи саривақт қадрдонӣ шудани ғолибони даври шаҳрию ноҳиявии озмун диққати ҷиддӣ дода намешавад. Яъне, аксарияти шаҳру ноҳияҳо дар вақти муайяншуда маросими қадрдонии ғолибонро баргузор намекунанд.
Моҳи май даври ноҳиявии озмун ҷамъбаст гардид ва ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Беш аз як моҳ мешавад, ки ғолибони даври ноҳиявӣ муайян шудаанд, вале қадрдонӣ нагардидаанд.
Ба ҳамин монанд, тибқи қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 17 апрели соли 2023 “Оид ба баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм –фурӯғи маърифат” дар ноҳияи Панҷ” барои гузаронидани озмун 17225 сомонӣ ҷудо шудааст. Ин маблағ барои харҷи иловагӣ (баннер ва ташкили ҷойи баргузории озмун) ва қадрдонии 42 нафар ғолиб ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аз ноҳияи мазкур 42 нафар аз рӯйи 7 номинатсия, (6-нафарӣ дар ҳар як номинатсия ба даври вилоятӣ) роҳхат ба даст оварданд. Инчунин, омӯзгорони онҳо низ бояд қадрдонӣ карда шаванд. Вале ба ҳолати 3-юми июли соли 2023 ғолибони озмун қадрдонӣ нашудаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, барои баргузор намудани озмун дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ диққати бештар дода, барои ҳавасмандгардонии ғолибон 208600 маблағ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳо беҳтар мебошад. Мисол, барои ғолиби ҷойи якум 1500 сомонӣ, ҷойи дуюм 1000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 700 сомонӣ, дар умум барои ғолибони як номинатсия 5600 сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шудааст.
Барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ барои ҷойи якум 1500 сомонӣ, ҷойи дуюм 100 сомонӣ ва ҷойи сеюм 700 сомонӣ муайян гардидааст. Аммо ба ҳолати 3-юми июли соли 2023 маросими қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор карда нашудааст. Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба даври вилоятии озмун 74 нафар роҳхат ба даст овардаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ғолибони даврҳои якум (мактабӣ), дуюм (ноҳиявӣ), сеюм (вилоятӣ) ва чорум (ҷумҳуриявӣ) бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шаванд.
Қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 31-уми марти соли 2023 дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ба тасвиб расидааст. Бо мақсади гузаронидани озмун Раёсати молияи ноҳия барои ҷудо кардани 9600 сомонӣ муваззаф карда шудааст.
Ба даври вилоятии озмун 29 нафар аз рӯйи 7 номинатсия роҳхат гирифтаанд. Барои ҷойи якум 4200 сомонӣ, ҷойи дуюм 2600 сомонӣ ва ҷойи сеюм 1300 сомонӣ муайян карда шудааст, ки дар умум 8100 сомониро дар бар мегирад. Вале дар бораи қадрдонии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ишора нашудааст. Ба ҳолати имрӯз қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор нагардидааст.
Аз 28-уми марти соли 2023 қарори раиси шаҳри Норак дар бораи гузаронидани озмуни мазкур ба тасвиб расида, барои ғолиби ҷойи якум аз рӯйи номинатсияи “Математика” 1000 сомонӣ, ҷойи дуюм 500 сомонӣ ва ҷойи сеюм 300 сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. Ғолибони 7 номинатсияи озмун, ки 43 нафарро дар даври шаҳрӣ ташкил медиҳанд, дар чуниншакл қадрдонӣ карда хоҳанд шуд. Аммо тибқи иттилои бадастомада, ба ҳолати 3-юми июли соли 2023 ғолибони даври шаҳрӣ қадрдонӣ карда нашудаанд.
Ҳамин тавр, барои баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми феврали 2022 ба тасвиб расидааст, дар шаҳри Кӯлоб 38500 сомонӣ, Хуросон 21800 сомонӣ, Фархор 41000 сомонӣ, Ҷайҳун 47800 сомонӣ, Восеъ 12000 сомонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ 46000 сомонӣ, Данғара 213400 сомонӣ, Левакант 21000 сомонӣ мабалағ пешбинӣ намудаанд.
Дар нашрҳои минбаъда вазъи баргузорӣ, ҷудо намудани маблағ ва ҳавасмандгардонии иштирокчиён ва роҳхати ғолибон ба даврҳои сеюму чоруми озмун аз рӯйи дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ пайгирӣ карда хоҳад шуд. Ҳадаф мусоидат ба таъмини сифати баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ мебошад.
Ба иттилои чанде аз ғолибони даври дуюми озмунҳои ҷумҳуриявӣ, соли 2022 маросими қадрдонии ғолибони даври дуюми баъзе аз шаҳру ноҳияҳо пас аз ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии озмунҳои мазкур баргузор карда шуд. Оё имсол ҳам чунин вазъият такрор меёфта бошад?
P.S. Матлаби мазкур дар асоси нусхаи қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва суҳбати телефонӣ бо масъулони озмун таҳия гардидааст. Нусхаи қарорҳо дар шакли электронӣ дар идораи рӯзнома нигоҳ дошта мешаванд.
С. АЗИЗЗОДА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...