ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Эй сорбон, оҳиста рон!


Эй сорбон, оҳиста рон!



Дар роҳҳои мошингарди Хатлон 155 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст

Яке аз сабабҳои асосии рух додани садамаҳои воситаҳои нақлиёт дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон мебошад, ки боиси марги мусофирон ва пиёдагардон мегардад.

Бо мақсади баланд бардоштани сави-

яи ҳуқуқӣ ва риояи ҳатмии меъёру талаботи
қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва одоби шаҳрдорӣ
кормандони Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри
Бохтар дар якҷоягӣ бо мақомотҳои марбута як қатор рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида истодаанд. Зимни санҷиш кормандони ин ниҳод як қатор қоидавайронкуниро аз
ҷониби ронандагон ва пиёдагардон ба қайд гирифтаанд.

Ба андешаи таҳлилгарон, яке аз масъалаҳои ҳалталаб ин сари вақт аз муоинаи техникӣ гузаронидани воситаҳои нақлиёт мебошад, ки вақтҳои охир содиршавии садамаҳои нақлиёт, дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва якбора оташ гирифтани нақлиёт зиёд ба назар мерасад.

Тибқи иттилои Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон, дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 155 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 98 нафар ба ҳалокат расида, 160 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Омили дигари рух додани садамаи нақлиётӣ ин беназоратии волидайн нисбати фарзандон маҳсуб меёбад. Масалан, бархеаз кӯдакон ҳангоми убури роҳи нақлиётӣ одитарин қоидаи ҳаракат ва талаботи чароғаки роҳнаморо риоя намекунанд. Ҳамин аст, ки бо иштироки кӯдакон дар роҳи нақлиётӣ тез-тез садама рух медиҳад. Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ 29 нафар кӯдакону наврасон ҷарроҳат бардошта, аз ин шумора 18 нафарҷони худро аз даст додаанд. Дар ин муддат аз ҳисоби  пиёдагардон ва дучархаронҳо бошад, 63 ҳолати садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки 36 нафари он ба ҳалокат расида, 32 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Вақтҳои охир дар роҳҳои кишвар оид ба рух додани садамаҳои нақлиётӣ ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару гузориш пайдо мешавад. Яке аз чунин ҳодисаҳои фоҷеабор, рӯзҳои аввали моҳи равон дар ноҳияи Файзобод ба қайд гирфта шуд, ки дар натиҷаи рух додани садамаи нақлиётӣ 11 нафар мусофирону ронандагон ҷони худро аз даст доданд.

Ин ҳама ҳар як сокини кишвар, бахусус, ронандагонро водор месозад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ боэҳтиёт бошанд ва ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳи мошингард риоя намоянд.

 Абдулло РИОЕВ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода