Давлаталӣ Саид: “Истеҳсоли ватаниро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 350
6 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар бо фаъолияти якчанд корхонаи истеҳсолӣ шинос гардид.
Нахуст раиси вилоят ба ҶДММ “Кота-Глобал” ташриф овард. Корхонаи мазкур асосан бо истеҳсоли либоси мактабӣ ва низомии тобистонаву зимистона машғул мебошад. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар корхона 124 нафар бо кори доимӣ таъмин буда, то 2500 сомонӣ музди моҳона мегиранд. Дар ин корхона, ки беш аз 350 мошинаи дӯзандагӣ дорад, то 500 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда метавонанд. Ҳоло ҶДММ “Кота-Глобал” барои дӯхти либоси мактабии 13 ҳазор хонанда ва 13386 дона либоси низомӣ фармоиш дорад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дӯхти то 100 ҳазор либоси махсус дар як сол мебошад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамчунин аз ҶДММ “Дарз”-и шаҳри Бохтар дидан намуд. Ин корхона низ ба истеҳсоли либоси мактабӣ сарукор гирифта, дар он 33 нафар фаъолият мекунанд. Дар ин мавсим корхонаи “Дарз” барои панҷ ҳазор хонандаи таълимгоҳҳои шаҳри Бохтар либоси мактабӣ омода мекунад.
Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастури Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки бо мақсади рушди саноат ва дастгирии истеҳсолоти ватанӣ истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба роҳ монда шуда, талабот ба ин намуди маҳсулот аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ қонеъ гардонида мешавад. Дар баробари ин, либосҳо бояд бо сифати баланд ва нархи дастрас пешниҳод гарданд.
Ба масъулони соҳа дастур дода шуд, ки вобаста ба иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ярмаркаҳои либоси мактабӣ баргузор карда шавад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамчунин аз корхонаи истеҳсоли қаннодии “Ширинии Шарқ” дидан намуд. Дар ин корхона, ки иқтидори солонаи истеҳсолиаш 28 тонна маҳсулоти қаннодӣ аст, айни ҳол 15 нафар бо кори доимӣ таъмин мебошанд.
Дар идома раиси вилоят аз корхонаи истеҳсоли яхмоси ҶДММ "Осие+М" дидан кард. Дар ин корхона, ки беш аз 20 нафар фаъолият мекунанд, ҳамарӯза 22 намуди яхмос, ҷамъан то ним тонна яхмос истеҳсол мешавад. Давлаталӣ Саид ба соҳибкори ватанӣ бо мақсади фаъолияти босамар ва тақвияти иқтидори истеҳсолии корхона маслиҳату тавсияҳои судманд дод.
Роҳбарияти корхонаҳои қаннодӣ ва яхмосбарорӣ ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар фурсатҳои наздик бо афзудани иқтидори истеҳсолӣ шумораи нуқтаҳои фурӯшро ва теъдоди кормандонро бештар ба роҳ мемонанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид масъулони шаҳрдориро барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони ватанӣ бобати бунёд ва рушди истеҳсолот дар шаҳри Бохтар вазифадор кард.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...