ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИС ВАЪДААШРО ИҶРО МЕКУНАД?


РАИС ВАЪДААШРО ИҶРО МЕКУНАД?



15 июни соли ҷорӣ аз марги Муродбек Маҳмадқулов, сарбози тоҷик, ки моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Исфара дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон дода буд, як сол сипарӣ шуд. Ба хотири қадршиносӣ аз ҷонфидоии ин сарбози ғаюри кишвар моҳи сентябри соли гузашта бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ пас аз марг ордени “Шараф”, дараҷаи 2 дода шуд. Ҳамчунин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ тасмим гирифта буд, ки ба аҳли хонаводаи ин сарбози тоҷик манзили истиқоматӣ бунёд намояд.


Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ, соли гузашта дар нишасти матбуотии худ ба хабарнигорон иттилоъ дода буд, ки барои оилаи сарбоз манзили истиқоматӣ месозад. “Мо бо шароити зисти оилаи сарбози марҳум Муродбек Маҳмадқулов шинос шудем. Маълум шуд, ки оилаи сарбоз дар шароити вазнин зиндагӣ мекунанд. Мо замин ҷудо кардем ва тасмим гирифтем, ки барои волидайни ин сарбоз манзили зист бисозем”. Ҳамчунин, маълумот дода шуда буд, ки МТМУ №33-и ноҳия, ки Муродбек онро хатм кардааст, ба номи ӯ гузошта мешавад. 


То имрӯз аз сохтмони бинои истиқоматӣ ягон хабаре набуд. Барои ба даст овардани маълумоти пурра мо ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ муроҷиат намудем. Асадулло Ибодуллозода, муовини аввали раиси ноҳияи Дӯстӣ, дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки то имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои сохтмони бинои истиқоматӣ масолеҳи сохт-монӣ бурда шудааст. “Мо 1000 дона хишти сементӣ (сементблок), семент, қум, санг ва дигар масолеҳро бурдем. Чанд рӯз пас кори сохтмони бино оғоз мешавад”.


Барои омӯхтани мавзуъ ва аз наздик шинос шудан, мо ба деҳаи Умеди Ҷамоати деҳоти “Навзамин”-и ноҳия рафтем, ки дар ҳақиқат ҳам масолеҳи сохтмон дар қитъаи замин омода буд. Аммо то ҳол аз сохтмони бино ҳеҷ нишонае набуд. Суҳроб Аминзода, раиси Ҷамоати деҳоти “Навзамин”-и ноҳияи Дӯстӣ, зимни суҳбат ба мо изҳор дошт, ки рӯзҳои наз-дик сохтмони бинои истиқоматии оилаи сарбоз Муродбек Маҳмадқулов оғоз мегардад. “Ҳоло муассисае, ки бояд ба номи ин сарбоз гузошта шавад, дар ҳоли сохтмон аст. Барои сохтмони бинои истиқоматӣ 10 сотих қитъаи замин ҷудо гардидааст. Тибқи нақшаи пешакӣ сохтмони муассисаи таълимӣ ва бинои истиқоматӣ то оғози соли хониши нав ба анҷом мерасад ва ҳар ду низ дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода мешаванд”.


Дар ин раванд, мо барои хабардор шудан аз аҳволи хонаводаи  сарбози марҳум ба манзилии истиқоматии онҳо рафтем. Модари Муродбек – Рӯзигул Маҳмадқулова бо як ифтихор ва шарафмандӣ изҳор медорад, ки фарзандаш дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ҷон додааст. 


- Соли 2021 писарам ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуд. Баъди якуним соли адои хизмат, дар роҳи ҳимояи Ватан ҷон дод. Ифтихор мекунам, ки чунин фарзанди ғаюру далер тарбия намудаам. 


Ҳамчунин, ин модар ҷиҳати таваҷҷуҳ ва дастгириҳои беандоза ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, идораи ҷамоат ва ҳамаи он нафароне, ки дар ин рӯзҳои сахт дастгирӣ карданд, миннатдории худро мерасонад.


Маврид ба ёдоварист, ки кумак ба оилаҳои сарбозони қурбоншуда дар роҳи ҳимояи марзу буми кишвар далели он аст, ки онҳо аз таваҷҷуҳи давлату ҳукумат дур нестанд. Хусусан, сохтмони бинои истиқоматӣ барои оилаи сарбози кушташуда Муродбек Маҳмадқулов иқдоми нек маҳсуб меёбад. Умед дорем, ки сохтмону ба истифода додани ин манзили истиқоматӣ дар муҳлати ваъдашуда пурра ба итмом мерасад.


http://khatlon-ruznoma.tj/



Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода