Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 648
Даст задан ба амалҳои ношоистаю ғайриқонунӣ дар назди қонун ҷавобгарӣ дошта, барои зиндагии осоишта ва оилаи солим хатар дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки тадриси ғайриқонунии динӣ манъ аст, аммо бархеҳо дидаю дониста, ба ин қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Ҳеҷ як амали ношоиста аз мадди назари мақомоти қудратӣ дур намемонад.
Дар бинои Суди ноҳияи Дӯстӣ маҷлиси кушодаи судӣ баргузор гардид. Дар он парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Самиева Нозанин Абдухоликовна баррасӣ намуданд. Самиева Нозанин Абдухоликовна 29 апрели соли 1997 дар ноҳияи Дӯстӣ таваллуд шуда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад. Номбурда айни замон дар деҳаи Шаҳдрези Ҷамоати деҳоти “Ҷиликӯл”-и ноҳияи Дӯстӣ истиқомат мекунад.
Суд муайян намуд, ки Нозанин Самиева аз 31 январи соли 2023 то 5 феврали соли 2023 бар хилофи талаботи қисми 4, моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар манзили истиқоматиаш бидуни доштани иҷозатнома ба ноболиғ Ҷабборова Зулфия Абдулғаниевна, хонандаи синфи 2-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ноҳияи Дӯстӣ ғайриқонунӣ таълими динӣ медодааст. Бо ин амалаш талаботи моддаи 4742 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст.
Нозанин Самиева дар маҷлиси судӣ худро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пурра гунаҳкор шуморида, баёнот дод, ки ӯ дар ҳақиқат аз 31 январи соли 2021 то 5 феврали соли 2023 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти “Ҷиликӯл”, деҳаи Шаҳдрез ба Ҷабборова Зулфия Абдулғаниевна аз китобҳои динии “Қуръон” ва “Қоидаи Бағдодӣ” таълими динӣ додааст.
Ба гуфтаи номбурда, ӯ намедонистааст, ки барои додани тадриси динӣ иҷозати махсус лозим аст. Аммо надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Мавсуф изҳор доштааст, ки айни ҳол бекор мебошад ва ягон манбаи даромад надорад. Инчунин, ду фарзанди хурдсол дорад ва аз амали кардааш пушаймон аст. Аз суд хоҳиш кардааст, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Баъд аз таҳлилҳо, бо дастрасии моддаҳои 140-142, 150 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суд қарор кард, ки Самиева Нозанин Абдухоликовна дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста шуда, бо моддаи 4742 қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи моддаи 48 қисми 5-и Кодекси мазкур ҷарима ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба шашсаду ҳаштод сомонӣ, ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Л. Ҷаъфарзода,
раиси Суди ноҳияи Дӯстӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...