Дар Ҷайҳун 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 427
Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид шоми дирӯз, 6 июн, дар деҳаи Озодии Ҷамоати шаҳраки "Дӯстӣ"-и ноҳияи Ҷайҳун 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббус ва саҳми соҳибкори ватанӣ Фаридун Убайдуллозода хатти оби полезӣ аз шохоби дарёи Панҷ тариқи кандани канал ба масофаи 3500 метр, ҷамъоварии об дар обанбори 40х40 м, баъдан бо истифода аз 1 адад пойгоҳи обкашӣ ва 2 адад дастгоҳи обкашӣ (тамғаи 14 НДВ Д6) тариқи қубурҳои қутраш 530 мм барои обёрӣ намудани зиёда 2000 га замин бароварда шудааст. Барои татбиқи ин лоиҳа соҳибкор 12,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ кардааст.
Мақсади асосии баистифодадиҳии хатти оби полезӣ ин ба гардиши кишоварзии обӣ даровардани зиёда 2000 га заминҳо мебошад. Айни замон хати оби полезӣ 500 га заминҳоро обёрӣ мекунад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...