Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Иштироки раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи кишти такрорӣ


Иштироки раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи кишти такрорӣ



Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз хоҷагии деҳқонии ба номи Нуриддин Маҳмудов, воқеъ дар деҳаи Озодии ноҳияи Ҷайҳун боздид намуд.

Хоҷагӣ соли 2023 дар майдони 486 гектар, аз ҷумла 360 га замини корами обӣ, 126 га замини боир ва дар майдони 10 га боғи бодом бунёд шудааст.


Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ дар майдони 20 га гандум, 30 га ҷав ва 50 га гули масъар кишт карда шудааст.


Ҳосили гандум ва ҷав гирифта шуда, гули масъар дар давраи ҳосилбандӣ мебошад.


Баъди ҷамъоварии гандум ва ҷав бо иштироки раиси вилояти Хатлон дар майдони 50 га баъди обёрӣ гардидани заминҳое, ки солҳои тӯлонӣ аз об танқисӣ мекашиданд, кишти такрории навъи пешпазаки пахта оғоз гардид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода