Боздиди Давлаталӣ Саид аз хоҷагии деҳқонии ба номи “Ҳайитбой”-и ноҳияи Ҷайҳун
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 408
Шоми 6 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деқонии “Ҳайитбой” ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ анҷом дод.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки хоҷагии деҳқонии мазкур соли 2012 дар майдони 5 га замини обӣ ташкил гардид. Тавре роҳбари хоҷагӣ Ҳалим Султонов иброз дошт, шумораи саҳмдоронаш 10 нафар мебошанд.
Соли ҷорӣ дар майдони 2 га кишти гандум ва 2 га кишти ҷав гузаронида шуда, аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 40-45-сентнерӣ ҳосил ба даст овардааст. Дар майдони 1 га кишти маккаи силос гузаронида, айни замон дар давраи нашъунамо мебошад.
Дар кишти такрорӣ дар майдони 2 га кишти шолӣ ба роҳ монда шуда, дар соҳаи кишоварзӣ хоҷагии пешқадам арзёбӣ мегардад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо таҷрибаи истифодабарии замин дар хоҷагии деҳқонии ба номи “Ҳайитбой” ба кори деҳқонон баҳои баланд дода, ҷиҳати анҷом додани кишти такрорӣ, саривақт роҳандозӣ кардани ин тадбири муҳими аграрӣ ва дар маҷмуъ, бобати истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла, обу замин хоҷагидорро вазифадор кард.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00