Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » “Гар шиновар нестӣ...”


“Гар шиновар нестӣ...”



Давоми рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи фоҷиабор ба қайд гирифта шуд. 4 нафар кӯдак ҳангоми оббозӣ ғарқ гардид, ки хурдсолтаринашон ҳамагӣ 7-сола будааст, иттилоъ медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Ҳамаи кӯдакон дар назди обанборҳо бе назорати калонсолон ба оббозӣ машғул будаанд. “3 июн, тахминан соати 13:00, сокинони 11 ва 12-солаи ноҳияи Восеъ бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, ҳангоми оббозӣ дар ҷои мамнуъ – канали деҳаи Ҳулбук ғарқ шуданд”, - омадааст дар иттилоия. Наҷотдиҳандагони Хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб тавонистанд ҷасади кӯдаконро танҳо баъд аз 4 июн пайдо карда, ба наздиконашон супоранд.

Фоҷиаи дигар дар ҳудуди ноҳияи Дӯстӣ ба амал омад. 4 июн, тахминан соати 10:00, сокини 12-солаи деҳаи Нури Вахши Ҷамоати деҳоти “Нури Вахш”-и ноҳияи Дӯстӣ, ки ба чаронидани чорво дар назди дарёи Вахш машғул будааст, дар дарё шино карда, ғарқ шудааст. Ҷасади наврасро ҷустуҷӯ мекунанд.

Аз аввали сол то имрӯз 47 нафар дар обанборҳои мамлакат ғарқ шудаанд, ки 26 нафарашон кӯдакону наврасони то 16-сола мебошанд. Дар робита ба ин, аз волидон хоҳиш карда мешавад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд, дар назди обанборҳо ва дар об қоидаҳои рафтори бехатарро қатъиян риоя кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  медиҳад, ки ҳарорати ҳаво дар водиҳо аз 40 дараҷа боло меравад. Ба ландшавии ҳарорат дар минтақаҳои баландкӯҳ ба обшавии барф, пиряхҳо ва зиёд шудани ҳаҷми об дар рӯдхонаҳо оварда мерасонад, ки ин метавонад сабаби фаромадани сел, ярч ва сангрезиҳо гардад.

Дар баробари баланд шудани ҳарорати ҳаво, ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ эҳтиёткор будан ва дар назди дарёҳо, каналҳо, хавзҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя кардан лозим аст. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси оқибатҳои вазнин мегардад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода