Мубориза бар зидди коррупсия – вазифаи ҳамагон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Муқовимат бо корупсия / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 988
Ҳар як давлат ҳангоми расидан ба давраи муайяни рушди иқтисоду саноат, аз ҷумла ҳангоми ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёт, ба мушкилиҳое дучор мешавад, ки метавонанд суръати ин рушдро паст намояд.
Яке аз мушкилиҳои хатарноктарини ҷаҳони муосир ин зуҳуроти коррупсия мебошад, зеро коррупсия метавонад барои амалишавии барномаҳои муҳими давлатӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз қабили бунёди корхонаҳои саноатӣ, ҷалби технологияҳои муосир, бунёди роҳҳо ва рушди соҳибкории хурду миёна монеагӣ ба вуҷуд орад ва фазои сармоягузориро дар мамлакат бадном намояд.
Аз ин лиҳоз, дар рӯзҳои аввали таҳкими механизми давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин омил аҳамияти ҷиддӣ дода, ҷиҳати мубориза бо коррупсия корҳои
муайянеро ба иҷро расониданд.
Аз ҷумла, ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия дар соли 2003 ва таъсиси Ассотсиатсияи байналмилалии ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ натиҷаи дарки амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз хатари ҷиддии оқибатҳои коррупсия буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва рушди ташаббусҳои зиддикоррупсионӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ яке аз аввалин кишварҳои аъзо буд, ки Конвенсияи СММ-ро бар зидди коррупсия ба тасвиб расонд.
Мақомоти махсуси муборизакунанда бо ин зуҳурот, яъне Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои гуногуни муқовимат ба коррупсияро пешбинӣ менамоянд, қабул карда шуданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия муқаррар намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъият аз таҳдидҳо, ки аз зуҳури коррупсия бармеоянд, нигаронида шудааст.
Чунончӣ, моддаи 1-уми Қонуни мазкур мафҳуми коррупсияро чунин муайян кардааст: «Коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ».
Ба ғайр аз ин, бо мақсади тақвияти тадбирҳои ҳуқуқии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои зерин қабул карда шуданд: «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ғайра.
Аз мазмуни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва аҳамияти муҳим доштани пешгирии ин зуҳурот талаб менамояд, ки дар мубориза бо коррупсия на танҳо мақомоти давлатӣ иштирок намоянд, балки тамоми ҷомеа дар ин мубориза саҳмгузор бошад зеро коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии малакат ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.
Муқовимат бо коррупсия яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, амалӣ намудани он андешидани чораҳои муҳими сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд.
Тавре дар боло зикр гардид, маҳз бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои асосӣ дар кишвари мо барои мубориза бо коррупсия фароҳам оварда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгўй қабул шуда, мақомоти махсусгардонидашудаи давлатӣ –Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуд. Тоҷикистон иштирокчии конвенсияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия мебошад.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегияву барномаҳои давлатӣ, инчунин барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба ҳокимияти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия, кӯшиш ба харҷ диҳем.
Ҷ. Азизӣ ,
судяи Суди иқтисодии
вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...