ЮНЕСКО КУЛЛИЁТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХИРО БА ФЕҲРИСТИ ХОТИРОТИ ҶАҲОНИИ ЮНЕСКО ВОРИД КАРД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 592
Рӯзи 24 май бо қарори ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Раҳмоналӣ Мирализода, сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки пешбарии «Куллиёти Мавлоно» аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон, Туркия ва Узбекистон муштаракан барои баррасӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоир, файласуф, олим, яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик дар асри XIII буда, эҷодиёти ӯ имрӯз барои кулли ҷаҳон аз арзишмандтарин осор ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон Мавлоно ва осори оламшумули ӯро бахше аз мероси фарҳангӣ ва миллии худ мешуморанд.
Дар арафаи гиромидошти 800-солагии Мавлоно, ки соли 2007 дар Тоҷикистон бо қарори ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил гардид, яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон - собиқ Колхозобод, ки дар водии Вахш доман густурдааст, ба номи Ҷалолуддини Балхӣ иваз гардид.
Дар маркази ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург гузошта шудааст. Соли 2022 дар ноҳия хона-музейи Ҷалолуддини Балхӣ кушода шуд.
Инчунин соли 2007 дар Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва донишмандони шинохтаю мавлоношиносон ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид.
Ҳамасола 30 сентябр дар мамлакат Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо баргузории симпозиум, конфронс, ҳамоиш ва маҳфилҳои илмию адабӣ ҷашн гирифта мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...