Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад: "Барои ғасби худсаронаи замин ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст"


Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад: "Барои ғасби худсаронаи замин ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст"



Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Барои ғасби худсаронаи замин ва сохтмони худсарона дар он ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Чунин омадааст дар иттилоияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат.


Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони мамлакатро даъват намудааст, ки дар ҳолатҳои ошкор гардидани қонуншиканӣ вобаста ба замин бо телефонҳои 235-11-11 ва 235-59-57 ба Прокуратураи генералӣ занг зананд.


Тавре қаблан хабар додем, соли 2022 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 232 шахси мансабдор, пеш аз ҳама, раисони ҷамоатҳо, раисони кумитаҳои идораи замин, роҳбарони корхонаҳои бақайдгирии давлатӣ ва заминсозии ҷамоатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода