Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҷомеасозони фардо


Ҷомеасозони фардо



Кӯдакони имрӯз ояндасозони фардои ҷомеаи мо ҳастанд ва ин, ки фардои ватани мо то чи андоза ба орзуҳои мо мувофиқат мекунад ба он вобаста аст, ки атфоли кишвар дар кадом муҳит тарбия меёбанд, таҳдоби дониши онҳо то кадом ҳад устувору дуруст бунёд мегардад ва фазои маънавию ғоявии онҳо чи гуна фароҳам оварда мешавад.

Ба хотири оянданигарӣ ва тарҳрезии неки фардои кӯдакон Раёсати маорифи вилояти Хатлон як силсила тадбир ва чорабиниҳоро амалӣ намуда истодааст, ки мақсуди ниҳоӣ аз онҳо ҳам ба таълиму тарбия шавқманд гаштани хурдсолон ва ҳам бедор кардани ҳисси масъулиятшиносию эҷодкорӣ дар сиришти омӯзгорон мебошад. Зеро тарбияи ба замон ҷавобгӯи кӯдакон, пеш аз ҳама ба устодоне вобаста мебошад, ки рисолати касбии худро содиқона иҷро мекунанд ва рӯҳияи ватандӯстиву бунёдкориро дар замири шогирдон ба таври мусбат таҳрик дода метавонанд.

Кӯдакон дар кишвари мо зери ғамхории махсуси давлату Ҳукумат қарор дошта, аз ҷониби Пешвои миллат қонунҳо “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар асноди ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанду шаҳодат аз он медиҳанд, ки ояндаи неки атфол зери ғамхории махсус қарор дорад.

Ба мақсади амалӣ намудани аҳдофи зикршуда соли гузашта дар асоси пешниҳоди маорифчиёни вилоят бо қарорҳои раиси вилояти Хатлон озмуни “Парчами сайёри ғолиб” бо мукофоти бист ҳазор сомонӣ, Нишони сарисинагӣ ва мукофоти “Омӯзгори ифтихории вилояти Хатлон” ва ҳамчунин Нишони сарисинагӣ ва ҷоизаи “Соҳибватан” таъсис дода шуд.

Қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати устодон дар тарбияи маънавии шогирдон саҳми бориз ва аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ҳамзамон, дар тамоми муассисаҳои таълимии вилоят аксияҳои ҳизбии “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман” гузаронида мешавад, ки ҷавҳари онҳоро боло бурдани донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии насли наврас ташкил медиҳад.

Барои аввалин бор соли гузашта ба мақсади сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи кӯдак чорабинии “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” гузаронида шуд, ки ҳар рӯзи он пур аз хушҳолию муҳаббат ва суруру шодмонӣ буд. Дар ин чорабинӣ, ки мувофиқи номаш чил рӯз идома дошт, кӯдакон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд ва бозиҳои варзишию озмунҳои шавқовар хотири онҳоро болида мекард. 

Соли ҷорӣ низ, бо қарори раиси вилояти Хатлон чорабинии “Як моҳи ҳаёти кӯдакон” рафта истодааст, ки кӯдакон зери ғамхори махсус ба ҳар гуна озмунҳо, бозиҳои шавқовар, мусобиқоти варзишӣ ва дигар чорабиниҳои моҳияти тарбиявидошта фаро гирифта шудаанд.

Тарбияи дурусти томактабии кӯдакон имкон фароҳам меоварад, ки онҳо ба муҳити таълиму тарбия, тарзи навиштану хондан ва аз ҳама муҳим, ба муоширату ҳамзистии дастҷамъӣ ошно шуда, малакаҳои ҳаётӣ касб кунанд. Дар ин росто, нақши муассисаҳои таълимии синнусолӣ бисёр муҳим мебошад. Мувофиқи барномаҳои ба ин самт дахлдошта соли ҷорӣ дар вилоят миқдори муассисаҳои Маркази инкишофи кӯдак ва муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ афзоиш ёфта истодаанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб кӯдакон ва мураббиёну омӯзгорони онҳоро бо “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” табрику таҳният мегӯем ва ба мардуми Хатлонзамин итминон медиҳем, ки кӯдакони имрӯз ҳамчун ҷомеасозони сазовори фардо ба воя хоҳанд расид.

Ғазалшоҳ САФАРЗОДА,
сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода