Шири модар ғизои беҳтарин барои кӯдак аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 747
Шири модар барои кӯдаки навзод ғизои беҳтарин аст. Вале баъзе модарони ҷавон дар бораи аҳамияти шири модар маълумоти кофӣ надоранд.
Кӯдакро бо шири сунъӣ низ калон карда мешавад, вале он ҷойи шири модарро гирифта наметавонад. Шири модар ба кӯдак дар аввали 6 моҳи ҳаёт ғизои беҳтарин аст. Зеро аз рӯи таркиб ва таносуби моддаҳои ғизоӣ ва хусусияти узвҳои ҳозимаю мубодилаи модаҳо дар вуҷуди тифлакони навзод дар давраи инкишофашон мувофиқат мекунанд. Фалла дар таркибаш сафеда, намак ва чарбуи зиёд дорад. Ҳамчунин, аз аминокислотаю витаминҳо бой аст ва кӯдакро аз бемориҳои шадиди роҳи нафаскашӣ, бемориҳои меъдаю рӯда эмин медорад. Дар фалла, ҳамчунин, путтанҳо, яъне моддаҳое, ки кӯдакро аз бемориҳои гуногун эмин медорад, фаровон аст. Бинобар ин, ба кӯдакон ҳатман бояд шири модар дод.
Баъзе занони мо, барои вайрон нашудани андомашон худ ба кӯдакон шири сунъӣ медиҳанд. Шири модар сарчашмаи ҳаёти кӯдак ба шумор меравад. Беҳтарин роҳи ҳифзи саломатии кӯдак шири модар аст ва инро ҳам илм исбот кардааст. Кӯдаконе, ки шири сунъӣ мехӯранд, хусусан, агар он дар ҳолати бади гигиенӣ тайёр шуда бошад, кӯдакро зуд-зуд ба бемориҳои узвҳои нафаскашӣ, меъдаю рӯда ва аллергия гирифтор мекунад.
Омехтаҳои ширӣ баъзан боиси фарбеҳшавии аз ҳад зиёди кӯдак мешавад. Барои ҳар як модар саломатии фарзанд аз ҳама ганҷи дунё беҳтар аст. Бинобар ин, бояд кӯдакро бо шири модар таъмин намуд.
Зеро моддаҳое, ки ба организми модар дохил мешавад, ба шир мегузарад. Агар модар ғизои гуногун истеъмол кунад, он ба воситаи шир ба кӯдак мегузарад. Аз ин рӯ, занҳои тифли ширмакдошта ҳатман ба таркиби ғизои мехӯрдагиашон аҳамият диҳанд.
Набояд фаромӯш кард, ки ширмаконӣ ба модар аҳамияти калон дорад. Парвариши тифл бо шири пистон саломатии занро ҳимоя мекунад ва модарро аз бемориҳои хунравӣ баъди таваллуд, камхунӣ, ҳамли номатлуб, саратони сина ва тухмдонҳо, дарди устухонҳо эмин медорад.
Ҳамчун табиб ба занҳо тавсия медиҳам, ки то 6 моҳи аввали ҳаёт ба тифл шири сунъӣ надиҳанд. Бояд дар ин давра ҳатман шири худро диҳанд.
Зеро ягон ғизои дигар шири модарро иваз карда наметавонад. Бисёр занҳои мо аз сабаби танқисии зиндагӣ ба кор мебароянд ва кӯдаконро ба доя медиҳанд. Модару кӯдак бояд дар як ҷо бошанд. Дар ин маврид меҳру муҳаббаташон зиёд мешавад ва тифл солимтар ба воя мерасад. Ҷудоӣ аз модар бо кӯдаки ширмак оқибати хуб надорад, кӯдак дар натиҷа инҷиқ шуда, ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор мешавад. Бисёр модарони мо барои ором кардани кӯдак ба онҳо эрмизак медиҳанд. Ман ба модарон маслиҳат медиҳам, ки ба кӯдакон эрмизак, яъне чочак надиҳанд. Барои он ки дар бисёр ҳолатҳо эрмизак ба замин меафтаду онро модар боз ба даҳони кӯдак мемонад. Набояд фаромӯш кард, ки эрмизаки чиркин сарчашмаи бемориҳои сироятӣ гашта метавонад.
Сарвиноз ТАҒОЕВА,
табиби оилавии муасси-
саи КА ТС-и шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...