Бунёди 216 иншооти ҷашнӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 341
Шамсиддин Шоҳин аз ноҳияҳои баландкӯҳи вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Тӯли солҳои охир дар ноҳия бо дастгирии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор иншоотҳои наву замонавӣ қомат афрохта, ба ҳусни он таровати дигар бахшидаанд.
Маркази ноҳияро сохтмонҳои биноҳои дуошёнаю сеошёнаи маъмурӣ, биною иншоотҳои фарҳангӣ, марказҳои хизматрасонӣ, бозори марказӣ, нуқтаҳои савдо зиннат додаанд.
Тавре мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳия Қурбоналӣ Нуралиев, иттилоъ дод, бо мақсади дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва азнавсозии 216 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 51 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд, ки яке аз онҳо Маркази савдои «Шамс» ва дигарӣ Маркази тиҷоратии «Гулдаст» мебошанд, ки дар маркази ноҳия қомат афрохтаанд. Алҳол дар 46 иншооти сохташаванда корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар 119 иншооти боқимонда лоиҳакашию ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад.
- Бояд қайд кард, ки тайи 4 моҳи соли 2023 аз иншоотҳои банақшагирифташуда дар Ҷамоати деҳоти “Даштиҷум”-и ноҳия маркази савдо аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ба истифода дода шуд. Инчунин, сохтмони Беморхонаи модару кӯдак дар маркази ноҳия, Маркази ҷавонон, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №7-и деҳаи Дараи оби Ҷамоати “Доғистон” барои 240 ҷойи нишаст ва дар назди бинои МТМУ №30-и деҳаи Чагам барои 240 ҷойи нишаст сохтмонашон идома доранд, - афзуд Қурбоналӣ Нуралиев.
Ӯ, ҳамчунин, изҳор дошт, ки сокинони баландкӯҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз валангории роҳи мошингарди Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин шикоят карда буданд. Хушбахтона, бо дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин навсозӣ шуда, пурра асфалтпӯш гардид. Ронандагон ҳамарӯза аз ин масири роҳ бидуни мушкилот равуо мекунанд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...