ПАЙРАВӢ БА ИФРОТГАРОӢ Наҷибуллоро 5 сол аз озодӣ маҳрум намуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 511
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон нисбат ба Наҷибулло Қутбиддинов, сокини ноҳияи Дӯстӣ барои содир кардани ҷиноят – иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда, дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ бо истифода аз шабакаи интернетӣ ҳукм баровард.
Наҷибулло Қутбиддинов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» бо номи мустаори «Наҷибуллоҳ» ақидаҳои харобкоронаи ташкилоти экстремистии равияи динии «Салафия»-ро тарғиб кардааст. Ҳамчунин, ӯ дар саҳифаи шахсиаш дар сомонаи мазкур мунтазам наворҳои видиоии аъзоёни фаъоли равияи экстремистӣ - террористии «Салафия» ва дигар ташкилотҳои экстремистӣ-террористиро дар саҳифаи худ ҷой дода, онҳоро паҳн намуда, фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ - террористиро ҷонибдорӣ намудааст.
Мувофиқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои дар саҳифаи интернетии Н. Қутбиддинов, аз рӯи мазмун ба даъвати оммавии ошкоро ва пӯшида барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ, сафедкунии оммавии экстремизм, инчунин паҳн намудани маводҳои хусусияти экстремистиву террористидошта мавҷуд мебошад.
Ҳамчунин, бояд ёдовар шуд, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон аз 8 декабри соли 2014, равияи “Салафия” ғайриқонунӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Наҷибулло Қутбиддинов дар маҷлиси судӣ худро айбдор шуморида, иброз намуд, ки ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш ба ин кор даст задааст.
Коллегияи судӣ бо далелҳо дар мурофиаи судӣ гуноҳи судшаванда Наҷибулло Қутбиддиновро собит ва бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне бо аломати содир кардани ҷиноят барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда, дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, ҷамъбаст кард.
Ҳангоми таъини ҷазо хусусияту дараҷаи хатарнокии ҷинояти содиршуда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти судшаванда ва нақши ўро дар содир шудани ҷиноят ба назар гирифт. Ҳамчунин, ҳангоми таъини ҷазо ба Наҷибулло Қутбиддинов ҳолатҳои сабуккунанда, ки судшаванда бори аввал ҷиноят содир намудааст, аз ҷинояти содиркардааш сидқан пушаймон будан, дар таъминот ва тарбияаш ду фарзанди ноболиғ дорад, ба назар гирифта шуд.
Ҳамин тавр, Суди вилояти Хатлон тибқи моддаи 3073 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдоршаванда Наҷибулло Қутбиддиновро ба муҳлати 5 сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр аз озодӣ маҳрум кард.
Неъмат МИРЗОЗОДА,
судяи Суди вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00