Ман сарҳадбони Ватанам
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 485
“Неруҳои марзбони Тоҷикистон, ки зодаи Истиқлоли кишварамон мебошанд, ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон яке аз рукнҳои муҳимтарини Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба ҳисоб мераванд. Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки сарҳадбонони мо марзу буми сарзамини аҷдодӣ, яъне амнияту суботи давлат ва оромиву осоиши ҷомеаро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таъмин карда истодаанд”.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон, Ватан, Модар! Чи вожаҳои муқаддас, пурифтихору рӯҳбахш. Бо шунидани он дар қалби меҳандӯсти мо - ҷавонон ҳисси баланди ватандорӣ бедор шуда, онро аз ҳарвақта бештар дӯст медорем.
Ман дар ин сарзамини биҳиштосо ба дунё омадаам ва инсони хушбахти даврони истиқлолам. Шукр мекунам, ки чунин Ватани зебо, ободу амн дорам. Он хонаи гарми ман, такягоҳу сипари ман, модари ғамхори ман аст. Дар ин макон худро осуда, комил ва сарбаланд мебинам.
Оламиён миллати бафарҳанги тоҷикро маҳз бо номи Тоҷикистон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Онҳо орзу мекунанд, ки ба сони Тоҷикистон ватани зебою обод ва амн дошта бошанд.
Тоҷикистони азизамро дӯст медорам. Ҳар як пораи хоки Тоҷикистон бароям азизу муқаддас аст. Ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург медонам.
Бо ин мақсад аҳд кардам, ки ихтиёрӣ ба хизмати аскарӣ меравам. Мақсадамро ба бобоям, собиқадори матбуоти тоҷик, котиби масъули рӯзномаи вилоятии “Хатлон” Саттор Қарахонов гуфтам. Ӯ дар солҳои 1973-1975 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия хизмати аскариро ба ҷо овардааст, аз ин хурсанд шуда, розигӣ дод. Аз ҷевон албоми расмҳои давраи хизматиашро дар сафи Қӯшунҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ гирифта, пешам гузошт ва афзуд:
-Ду соли ҳаёти сарбозии ман дар ҳамин аксҳо баён ёфтааст, онҳоро тамошо карда, хулоса барор, ки артиш ба ту чӣ медиҳад.
Ҳамин тавр ҳам кардам. Дар расмҳо чеҳраҳои гуногун, сарбозони обутобёфта мисли нури офтоб медурахшиданд. Дарк кардам, ки онҳо фарзандони як оилаи бузурганд. Ҳарчанд онҳо аз ҳамаи гӯшаю канори Иттиҳоди Шӯравӣ, аз давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқозу Балтика, Россия бошанд ҳам, вале бо якдигар дӯсту бародар будаанд. Бобоям бо ҳамаи онҳо дӯстӣ мекардааст. Дар албоми сарбозии бобо сайр карда, дарк намудам, ки дар давраи хизмати аскарӣ обутоби сиёсию ҷисмонӣ гирифта, сабақи далерию мардонагӣ ва садоқат омӯхтаанд.
...Дар даъвати тирамоҳии соли 2021 таҳсиламро дар ДДБ ба номи Носири Хусрав ба шуъбаи ғоибона гузаронида, бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ рафтам. Ҳоло дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунам. Дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар барои хизмати сарбозон ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошад, онҳо аз чизе танқисӣ надоранд.
Дар баробари хизмати аскарӣ аз шаҳру навоҳии Хатлону Рашт, Суғду Бадахшон дӯстони зиёд пайдо намудам. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, ки ҷавонони низомӣ аз ҷиҳати ҷисмонию сиёсӣ обутоб ёфтаанд ва бо боварии комил мегӯем, ки ҳифзи марзу буми Ватан дар дасти ҷавонон мебошад.
Барои тақвияти ин гуфтаҳо ҳодисаҳои чанде пеш дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон рухдодаро ёдовар мешавем. Бар асари он чандин нафар сарбозони тоҷик дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан қаҳрамонона ҷони худро нисор карданд, ки ин бояд шуҷоату мардонагии ҳар як ҷавонмарди кишварамонро боз ҳам бештар намояд.
Ҳамсолони азиз! Аз хизмати аскарӣ саркашӣ кардан аз худ гурехтану нишонаи ноҷавонмардӣ аст. Бояд ҳисси баланди ватандӯстӣ дошт. Хизмат ба меҳан шараф ва номуси ватандорист. Аз ин рӯ, ба хизмати аскарӣ рафта, қарзи фарзандии худро софдилона ва бо сари баланд ба ҷо биоред.
Комрони ДАВЛАТ,
сарбози Қӯшунҳои сарҳадии
КДА М-и Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар вилояти
Хатлон, сержант
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...