Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Коррупсия - падидаи хатарноки ҷомеа


Коррупсия - падидаи хатарноки ҷомеа



Коррупсия яке аз падидаҳои хатарноки ҷомеа ба шумор меравад. Ин зуҳуроти хавфнок унсури таҳдидкунанда ба амнияти давлату миллат маҳсуб ёфта, рушди босуботи ҷомеаро халалдор мегардонад.

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ ҳанӯз аз оғози давраи соҳибистиқлолии кишварамон чораҳои амалиро роҳандозӣ намуда, як қатор ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намуд. Пеш аз ҳама, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007 таъссис дода шуд, ки дар муддати фаъолияташ барои гирифтани пеши роҳи амалҳои коррупсионӣ аз тарафи корхонаву ташкилотҳо ва шахсони алоҳида саҳми арзандаи худро гузошта меояд. Ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷамеаи шаҳрвандии ҳаматарафа инкишофёфта фарҳанги баланди ҳуқуқиро тақозо менамояд. Дар ҷомеае, ки мардумаш аз манфиатҳои ҳуқуқии худ ба пуррагӣ бархурдор нестанд, метавонанд ба ҳар як амали номатлуб, аз ҷумла ба амалҳои коррупсионӣ даст зананд.

Роҷеъ ба ин масъала Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Бе надоштани донишҳои сиёсӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва баланд набудани сатҳи маънавиёти аҳли ҷомеа муваффақ шудан ба мубориза бо коррупсия ва амалҳои коррупсионӣ ғайриимкон аст». 

Омили асосии амалҳои корруписионӣ, ин худи инсон аст. Ҳар як инсон узви ҷомеа маҳсуб мешавад. Пас, лозим аст, ки таваҷҷуҳ бештар ба тарғиби андешаҳои зиддикоррупсионӣ дар байни ҷомеа дода шавад.

Солҳои охир дар кишварамон заминаҳои дахлдори ҳуқуқӣ муҳайё карда шудаанд ва иштироки боз ҳам фаъолтари шаҳрвандон дар ин самт ниҳоят зарур аст. Дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буданд: «Набояд фаромӯш кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, ки сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем». Ин таъкиди Роҳбари давлат ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки нисбат ба амалҳои коррупсионидошта бетараф набошем.

Мо, ки худ омӯзгор ҳастем, пеш аз ҳама, шогирдонамонро бояд дар рӯҳияи амалҳои зиддикорруписионӣ тарбия намоем. Аз онҳо тақозо намоем, ки дар роҳи донишомӯзӣ ҳеҷ як мушкилии худро бо истифодаи аз амалҳои корруписионӣ мавриди ҳал қарор надиҳанд.

Бо ин мақсад, аз рӯйи нақшаи кории муассиса чорабиниҳои фаҳмондадиро ба роҳ мондаем. Яке аз омилҳои самараноки роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, ин ташкил ва гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар давоми сол дар байни ҷомеаи омӯзгорӣ ва шогирдон ташкил ва гузаронида мешавад.Ин чорабиниҳо самараи хуб ҳам медиҳанд.

Абдулқосим Раҳимов,
Мубина Қаюмова,
омӯзгорони коллеҷи
омӯзгории ДДК ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода