АЗ ҶИНОЯТКОРӢ ВА ГУМРОҲИИ ҶАВОНОН ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Фарҳанг ва адабиёт / Ҷавонон ва варзиш, Боздид 624
Имрӯз, 12 май, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи васеи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Раёсати Шӯро бо ҷамъомадагон масъалаҳо вобаста ба риояи қонунгузории замин, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон ва муқовимат бо экстремизм ва терроризмро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, раиси Шӯро – прокурори вилоят Абдураҳим Раҳимзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд. Ба ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳо, прокурорҳо, сардорони шуъбаҳои ВКД ва ниҳодҳои амниятӣ, масъулони соҳаи идораи замин, шуъбаҳои маориф, кор бо ҷавонон, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар шахсони дахлдор аз сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо даъват шуда буданд.
Аз рӯйи рӯзномаи маҷлис 3 масъала – таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба назорати қонунгузори замин дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон аз 27 апрели соли 2023 дар ноҳияи Данғара, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм ба риштаи таҳлилу баррасӣ кашида шуд.
Зимни ироаи маърӯзаи худ прокурори вилоят бо такя ба таҳлилҳои мақомоти прокуратура иброз дошт, ки баъзе роҳбарони мақомоти давлатӣ, ки масъули ҷудокунӣ ва ҳуҷҷатгузории замин мебошанд, ба ҷойи пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, баръакс, хилофи қонун рафтор карда, ҳатто заминҳои ба муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ тааллуқдоштаро ғайриқонунӣ тақсим намудаанд.
Дар соли 2022 ва 3 моҳи соли ҷорӣ 7 392 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 603 парвандаи ҷиноятӣ марбут ба замин ба қайд гирифта шудааст. Солҳои охир бо содир кардани 198 лаҳзаи ҷиноят 155 гектар замин дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ба шаҳрвандон ғайриқонунӣ тақсим гардидааст, ки як сабаби он беаҳамиятии роҳбарони ноҳия низ ба ҳисоб меравад.
Ба хотири ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар соҳа 88 нафар шахсони масъул бинобар доштани доғи судӣ аз вазифа барканор шуданд ва ҳоло низ дар ин самт камбудиҳо ҷой дорад.
Дар робита ба содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон гуфта шуд, ки ин қишри ҷомеа дар сурати беназорат будан ва аз таълиму тарбия дур мондан, ба корҳои ношоиста даст мезананд. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони мақомоти прокуратура 68 ҳолати монеъ шудан ба таҳсили фарзандро ошкор ва дар робита ба чунин амалҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз намудаанд.
Бо ёдоварӣ аз қонунҳо ва стратегия дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм изҳори нигаронӣ шуд, ки то ҳанӯз ҳолатҳои таълими ғайрирасмии динӣ ҷой дорад, ки тибқи таҳлилҳо, ин ҳолат сарчашмаи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ мебошад.
Оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи замин ҳисоботи раиси Кумитаи идораи замини вилоят шунида шуд. Дар ин маврид таъкид гардид, баҳри пешгирӣ аз камбудию мушкилот вобаста ба истифодаи самаранок ва қонунии замин корҳои назоратӣ пурзӯр карда шавад.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон низ ҳамоҳангии ҳама ниҳодҳои давлатиро дар мавриди ба таълиму тарбияи самарабахш фаро гирифтани насли наврас зарур шуморида, барои боз ҳам беҳтар шудани кор, бахусус ба роҳи дуруст ҳидоят намудани кӯдакони душвортарбия ҷалби равоншиносонро ба нақша гирифт.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати Кумитаи давлати амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон низ зимни баромади худ аз гароиши бархе ҷавонони гумроҳ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ва майли онҳо ба ифротгароӣ изҳори ташвиш намуданд. Аз рӯйи таҳлил, ақидаҳои динии хусусияти ифротгароидошта дар фазои интернет паҳн шуда, ба ин васила ҷавонон мағзшӯӣ мешаванд. Барои пешгирӣ аз ин ҳолатҳо ҳар шаҳрванд бояд фарҳанги истифодаи интернетро донад ва чорабиниҳои оммафаҳмонӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сокинон ба таври таъхсирбахш ба роҳ монда шавад.
Дар баромади худ муовини аввали раиси вилоят Амонулло Салимзода ба зарурати таъмини амнияти озуқаворӣ таъкид намуд ва афзуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси истифодаи оқилонаи замин чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
Ҳамин гуна, баромадкунандагони ҷаласаи Шӯро изҳор доштанд, ки омӯзгорон ва ҳар падару модарро зарур аст, дар самти пешгирӣ аз амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон, монеъ шудан ба гирифтани таълим ва истифодаи нодурусти телефону интернет бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ кунанд, то ҷиҳати рафъи камбудиҳо корҳои оммафаҳмонӣ ва чораҳои таъсиррасонӣ андешида шавад.
Бо натиҷаи таҳлилу баррасиҳо аъзои Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон хулоса намуданд, ки пеш аз ҳама, кормандони соҳаи замин, аҳли маориф ва шахсони фаъоли ҷомеа ҳамаи неру ва имкониятҳои худро ба он равона созанд, то қонуншиканӣ дар соҳаи замин ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон кам гардад ва бо роҳи тарбияи инсонпарварию ватандӯстӣ аз гароиши сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ҷилавгирӣ карда шавад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
24-02-2022, 13:30
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...