Нақшаи даъват 72,5% иҷро шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 623
![]()
Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи 10 майи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 72,5% иҷро шудааст.
Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд, сафарбарии ҷавонони аз 18 то 27-солаи ҷинси мард то охири моҳи май идома мекунад.
Дар баробари ноҳияҳои Фархор, Вахш ва Данғара, ки ҳанӯз дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват дар бораи иҷрои нақша гузориш дода буданд, масъулони комиссияи даъвати шаҳри Левакант низ то имрӯз сафарбарии ҷавонон ба Артиши миллиро пурра ба иҷро расонидаанд.
- Ноҳияи Носири Хусрав ва шаҳри Норак низ дар арафаи иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳории навҷавонон ба хизмати аскарӣ қарор доранд, - афзуд манбаъ.
Қобили зикр аст, ки Артиши миллӣ дар ҳама давру замон ҳомии марзу бум ва нигаҳбони давлат аз ҳуҷуми бегонагон мебошад ва хушбахтона, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмати ҳарбӣ рӯз аз рӯз беҳтар мегардад.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00