Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мақому манзалати занон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар


Мақому манзалати занон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар



Дар Паёми табрикии Роҳбари давлат ба муносибати Рӯзи модар соли 2020 ҷумлаҳои асаргузор нисбат ба занону модарон зикр ёфта буд: “Иффату маърифат ва сабру таҳаммул ҳамчун сифатҳои беҳтарини миллӣ мақому манзалати занону бонувони моро дар ҷомеа баланд бардошта, онҳоро азизи ҳар як оила ва қуввати дили аҳли хонавода гардонидаанд”.

Ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат бонувони бошарафи моро водор менамояд, ки дар даҳаҳои охире, ки арзишҳои милливу фарҳангӣ таҳти раванди ҷаҳонишавӣ дар маърази таҳаввулот қарор гирифтааст, беш аз пеш дар тарбияи фарзандон масъулиятшинос бошанд ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар тарбия намуда, барои ташаккул ёфтани шахсияташон нақши бориз гузоранд. Инчунин, бонувонро месазад, ки барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллат камари ҳиммат баста, аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ ва дар паҳлуи мардон барои иҷрои корҳои наҷибу ҳамида кору фаъолият намоянд. Маҳз хушбахтии оила аз зан вобастагии зиёд дорад. Бинобар ин, дар бунёди оилаи солиму намунавӣ нақши занон бузург аст ва бояд ҳар як зан - модар бо дарки масъулияти баланд саъй намояд, ки оилаи беҳтаринро ташкил кунад.

Зуҳро ҲАКИМЗОДА,
муовини раиси шаҳри Норак

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода