БОРИ АВВАЛ 104 МЕДАЛРО ХОНАНДАГОНИ ХАТЛОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "АРХИМЕД" БА ДАСТ ОВАРДАНД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 515
Дар даври якуми олимпиадаи байналмилалии "Архимед" хонандагон синфҳои 5 то 11-и муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолона ширкат намуда, бори нахуст ба дастоварди намоён ноил гардиданд.
Ба иттилои муовини директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Хатлон Идибек Шарифов, иштирок ва фаъолнокии хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, бахусус "Архимед" нисбат ба солҳои қаблӣ даҳ маротиба зиёд мебошад.
Масалан, олимпиада аз фанни математика гузаронида шуд, ки дар он аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо 344 нафар хонанда фаъолона ширкат намуда, донишу маҳорати худро санҷиданд.
Толибилмони шаҳру ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо 23 медал, Дӯстӣ 22 медал, Данғара 18 медал, Норак 18 медал, Вахш 15 медал, Шаҳритус 6 медал, Муъминобод 2 ва Хуросон 1 медал дар олимпиада нисбати дигарон фаъол буданд.
Аз 104 ҷойи ифтихории бадастоварда 2 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 86 ҷойи сеюм мебошад, ки нисбат ба дигар манотиқи кишвар дар зинаи баландтар қарор дорад.
Иштироку донишсанҷӣ дар дигар олимпиадаҳои байналмилалӣ идома дорад.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00