ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 7 МАРКАЗИ НАВИ ИТТИЛООТИИ САЙЁҲӢ ТАЪСИС ЁФТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Ҳунарҳои мардумӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 240
Баҳри тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ба сайёҳон дастрас будани маълумот оид ба мавзеъҳои таърихию тамошобоб дар ҳафт ноҳияи вилояти Хатлон марказ ва нуқтаҳои иттилоотии сайёҳӣ таъсис дода шуд.
Дилшод Шоҳзода, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, зимни тасдиқи ин хабар ба рӯзномаи "Хатлон" гуфт, ки ин иқдом тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияҳои Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Хуросон, Вахш, Муъминобод ва Балҷувон роҳандозӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз дар вилояти Хатлон 21 маркази иттилоотии сайёҳӣ ба алоқамандони гардишгарӣ хизмат мерасонанд.
Дар ҳудуди Хатлонзамин 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 116 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 217 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 139 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 368 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 50 адад ҳомстей ва гестхаусҳо, 67 мағозаи фурӯши армуғонҳо, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо, 80 адад ишораи сарироҳӣ мавҷуданд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00