ДАР ШАҲРУ НАВОҲИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ҶАРАЁН ДОРАД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 559
Даври шаҳрию ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар вилояти Хатлон 2 май оғоз ёфта, то 15 май идома мекунад. Дар озмун доираи васеи довталабони синну соли гуногун ширкат доранд.
Ҳайати ҳакамони озмун аз ҳисоби донишмандону муҳаққиқон, адибону адабиётшиносон интихоб шуда, ба донишу ҳунари довталабон аз рӯйи талаботу шартҳои муайян баҳогузорӣ мекунанд.
Имсол озмун аз рӯйи шаш номинатсия, аз ҷумла адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб ҳамасола дар чаҳор давр барпо мегардад. Ғолибони номинатсияҳо бо диплом ва то 35 ҳазор сомонӣ мукофот ва барандаи Шоҳҷоизаи озмун бо диплому 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешавад.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.
Беҳтаринҳои даврҳои шаҳрию ноҳиявии озмун ба даври вилоятии он, ки моҳи август дар маркази вилоят - шаҳри Бохтар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Ҳангомаи Исмат, "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...