Левакант ҳам нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба Артиши миллӣ пурра иҷро кард
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 505
Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи 10 майи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 72,5% иҷро шудааст.
Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд, сафарбарии ҷавонони аз 18 то 27-солаи ҷинси мард то охири моҳи май идома мекунад.
Дар баробари ноҳияҳои Фархор, Вахш ва Данғара, ки ҳанӯз дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват дар бораи иҷрои нақша гузориш дода буданд, масъулони комиссияи даъвати шаҳри Левакант низ то имрӯз сафарбарии ҷавонон ба Артиши миллиро пурра ба иҷро расонидаанд.\
- Ноҳияи Носири Хусрав ва шаҳри Норак низ дар арафаи иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳории навҷавонон ба хизмати аскарӣ қарор доранд, - афзуд манбаъ.
Қобили зикр аст, ки Артиши миллӣ дар ҳама давру замон ҳомии марзу бум ва нигаҳбони давлат аз ҳуҷуми бегонагон мебошад ва хушбахтона, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмати ҳарбӣ рӯз аз рӯз беҳтар мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон пайваста ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷавонони мамлакат, инчунин ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоянд, ки «зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мо бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст».
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00