Ба вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор бармегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 534
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзи 12-уми май, дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии кишвар боду ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд.
Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар шаҳри Душанбе тӯфони чангу ғубор дар назар аст.
Кумита аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки ба нафарони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, астмаи бронхиалӣ ва гипертония таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.
Ба ронандагон ва сайёҳон тавсия дода мешавад, ки суръати ҳаракат дар роҳҳо, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, саҳроҳои доманфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд мебошад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои бе осеб ба саломатӣ гузаронидани ин рӯзҳои пурчангу ғубор чунин тавсияҳо медиҳад:
- Бештар оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.
- То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Тирезаҳои худро бо дока ва ё тӯр пӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред;
- Ҳамеша ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед;
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:
- меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;
- ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед;
- агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.
Дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода бо шумори телефонҳои 112 ва ё ба Қисми навбатдории КҲФ: 223 13 11 ё 93 880 28 19 занг занед.
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон
- (83222) 2-35-05, 2-78-28;
Раёсати КҲФ дар шаҳри Кӯлоб
- (83322) 2-36-60, 2-34-73.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00